28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт баргузор мегарданд

425
Аз 15 то 18 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт баргузор мегарданд.

Дар ҷараёни баргузории ин Рӯзҳо аҳли фарҳангу ҳунари Давлати Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо ва базми шеърро манзури тамошобинони тоҷик менамоянд.

Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябр, соати 17:00, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии мулоқот анҷом медиҳад.

Дар чаҳорчӯби баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ намоиши мусаввараҳои рассомони кувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатӣ, намоиши филми мустанади синамогарон, барномаи консертии муштарак, Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтиву тоҷик доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар доираи сафар меҳмонон аз шаҳри Норак, ноҳияи Варзоб, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи «Парчами миллӣ», «Кохи Наврӯз» ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии шаҳри Душанбе дидан намоянд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шудаанд.

Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт 24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба соли 1995 аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Соли 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28 марти соли 2016 дар Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандон ва хӯрокҳои миллиро баргузор намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво