21 октябр 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад

24
19-20 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории намоишҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ таҷлил намудани Иди Меҳргон мебошад.

Иди Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё гардид. Меҳргон аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ ва дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил мегардад.

Тавре Пешвои миллат гуфтаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудааст, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Иди Меҳргонро таъмин намоянд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво