26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатӣ»

1262
Дирӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Ш.И. дар суханронии худ вобаста ба ин ид қайд намуд, ки 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шудааст.

Санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд.

«Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатӣ»

Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

«Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатӣ»

Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозӣ ва яке аз хизматҳои арзандаю барҷастаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърих ва халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Нақши ду қаҳрамони халқи тоҷик - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ ҷиҳати ба маснади баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ хеле бузург аст,- гуфт Раҳматуллозода Ш.И.

-Устод Айнӣ дар замони худ таъкид намуда буд, ки забони пурасолати тоҷикиро аз забони тоҷикони куҳистон пайдо намудан мумкин аст. Дар мақолаи машҳури худ «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», ки 12 сентябри соли 1924 дар саҳифаи якуми рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расида буд, чунин нигоштааст: «Моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони куҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони куҳистони тоҷик забони форсии содда, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида халт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст».

-Ин андеша то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Табиатан ҳам чунин аст, ки агар баъзе унсурҳои лаҳҷаю шеваро сарфи назар намоем, забони нисбатан тозаву софу соддаву беолоишро аз забони тоҷикони куҳистон пайдо кардан мумкин аст.

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла, мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳуввияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад.

Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

«Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатӣ»

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ»-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчӣ бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.

Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ - зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.

Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо - ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

Дар роҳи рушду эҳтироми забони модарӣ мавқеи Пешвои миллат аз оғоз устувору қатъӣ мебошад. Дар ин роҳ масъулону роҳбарон муваззафанд, ки бояд ҳар яки онҳо дар навбати аввал забони модарии худро хуб донанд. Ин беҳтарин воситаи баланд бардоштани мақоми забони модарист, ки афроди огаҳу гаҳе ғофил ба ҳаракат моил мешаванд. Ин ҳама даъват ба масъулият дар роҳи ҳифзу эҳтироми забон аст.

Хабарнигори «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво