21 октябр 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки мояи ифтихору худшиносии наслҳои имрӯз ва баъдина мегардад»

19
Тӯли садсолаҳо, баъди пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд. Вале маҳз ба шарофати забони шево ва гӯёи мо, ки бо он илмҳои дақиқ ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидаанд, халқи тоҷик аз байн нарафт, баръакс, дар фарҳанги халқи мо қавмҳои ҳоким омезиш ёфта, лафзи шакарини дариро барои худ забони модарӣ интихоб намуданд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар ШАРОФЗОДА зимни як нигориши худ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ баён доштааст.

Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад.

Забони адабии тоҷикӣ, ки дар арафаи ба даст овардани Истиқололияти ҷумҳурӣ бар ҳасби талош ва ҳақталабиҳои оммаи васеи мардум ва махсусан зиёиёни миллат ба сифати забони расмии давлатии мо пазируфта шуд, бидуни муболиға, аз шумори ками забонҳои олам аст, ки аз замони сурат ва қолиби ҳастӣ гирифтани худ, яъне беш аз ҳазор сол муқаддам то ба рӯзгори мо покизагӣ ва бегазандии худро аз нигоҳи захираи луғавӣ, сохт ва шевоии тарзи баён ҳифз карда омадааст.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ баъд аз эъломи Истиқлол тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеаро фаро гирифта, имрӯз ба забони муоширати миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Албатта, рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол бояд аз нигоҳи таҳқиқи дақиқ ва мукаммали илмӣ, бо дарназардошти нақши забони миллӣ дар афкори иҷтимоӣ ва сиёсӣ баррасӣ ва дурнамои пешрафти он дар солҳои оянда муайян гардад. Бояд гуфт, ки асосҳои таҳқиқи ин масъала дар суханрониву асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамаҷониба тарҳрезӣ ва барномарезӣ шудааст. Метавон гуфт, ки дар асоси нишондодҳои дурбинонаи Президенти мамлакат месазад Барномаи рушди забони давлатӣ ва дигар забонҳои мутадовил дар Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда таҳия намуд. Ҳар соли даврони Истиқлол барои рушду инкишофи забони модарии мо як саҳифаи заррин ва тоза боз мекунад. Махсусан, баъди солҳои 1992-1993 бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат масъалаи пуштибонӣ аз забони давлатӣ, таҳияи тадбирҳои мушаххас барои рушду инкишофи забони давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангӣ ва забонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, яке аз шохаҳои асосӣ — шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро, пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд. Осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин, дар шароити имрӯза, забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Барои ба мақоми забони давлатӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ ба таври расмӣ зиёиён ва аҳли савод хеле талош варзиданд.

Дар танзим ва сиёсати татбиқи забон нақши пешвоён ва сарварони воломақоми давлат, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои сарсупурдаи миллату ватан бағоят бузург аст.

Таърих аз ҷумлаи пешвоёну шоҳон кам касонеро медонад, ки нисбат ба забон ва сарнавишти он ғамхориҳои зиёде карда бошанд.

Чунонки имрӯз чунин ғамхорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зоҳир мешавад.

Агар ҳазору сад сол муқаддам шоҳ Исмоили Сомонӣ дар устувор кардани пояҳои забони тоҷикӣ хидмати бузурге карда бошад, дар даврони Истиқлолият Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пойдорӣ ва фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мо гардидани ин забон хастанопазирона талош меварзанд. Ҳамагон шоҳиданд ва беҳтар медонанд, ки танҳо пас аз зимоми давлатдориро ба даст гирифтан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба таври зарурӣ аз забони тоҷикӣ ҳимоят бикунанд ва онро ба як гунае аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд.

Агар ҷаҳониён аз Ҷамшед ҳамчун муаррифи Наврӯз ёд кунанд, мо Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҳомӣ ва ғамхори фарҳангу забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносем.

Чун забон рукни асосии миллат ва давлат аст, аз ин хотир Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Оре, забон бақои миллат ва нишонаи муҳимтарини давлати соҳибихтиёр аст. Бинобар ин забон ба ҳифзу ғамхории давлат ҳамеша эҳтиёҷ дорад. Ин аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст омадани истиқлол аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати забон ва рушди он пай дар пай тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Гузашта аз ин, бо заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣ, ки як муддат ҳамчун забони давлатдорӣ ва коргузориву илмӣ мақомашро аз даст дода буд, ба забони давлатдорӣ ва коргузорӣ табдил ёфт, ки ин аллакай яке аз роҳҳои дар шароити ҷаҳонишавӣ аз байн нарафтани забони тоҷикӣ мебошад. Ҳамин гуфтаҳоро бо суханони доктори илмҳои фалсафа Зафар Сайидзода, ки дар китоби худ бо номи «Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ» зикр намудааст, метавон тасдиқ кард:

«Ҳарчанд ки забони тоҷикӣ мақоми забони расмиро ҳанӯз дар замони шӯравӣ, яъне соли 1989, соҳиб шуда буд, раванди ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил шудан ва ба самардиҳӣ пардохтани он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – ва дурусттар – баъд аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ва дар амри ба ҳақиқат пайвастани ҳадафҳои ин раванди муҳим, чун дар анҷоми муваффақиятомези дигар ҷараёнҳои ҳаётофарин ва созандае, ки кишвари моро ба диёри сулҳу субот, бархӯрдор аз ваҳдати миллӣ ва рӯ ба инкишоф табдил додааст, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз бо талошҳои пайваста ва пурбори Сарвари давлати тоҷикон забони тоҷикӣ дар ду даҳсола – муддати барои инкишофи падидаи мураккабе, чун забон, ниҳоят кӯтоҳ – забони адабии миллии мо марҳалаи наверо дар такомули худ оғоз намуда, роҳи беш аз пеш боландатар ва пӯётар шуданро аз сар гирифтааст».

Мардуми Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, бахусус, забони давлатӣ мебошад. Давлати мо дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 соҳиби Конститутсияи худ шуд, ки дар моддаи дувуми он навишта шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

Як нуктаро бояд зикр кард, ки рушд, такомул, пешрафт ва доираи фарогирии забон ҳамон вақт васеъ ва доманаи марзиаш афзун мегардад, ки ду нафар пайваста бо ин забон такаллум намоянд, ин яке модар, ки ҳарфи аввалро мо аз ӯ меомӯзем ва дигаре зиёӣ. Дар акси ҳол мавқеъ ва нуфузи забон метавонад коста гардад ва рисолати худро ҳамчун забони муошират ва қавми бузург аз даст бидиҳад. Ҳолати нигаронкунанда ва ташвишовар ин аст, ки то ба ҳол ҳастанд афроде, ки мо онҳоро ҳамчун зиёӣ мешиносем ва ҷомеа ҳам чунин шинохте кардааст, вале ин шахсиятҳо то кунун забони тоҷикиро ба таври лозим аз худ накардаанд ва дар коргузориашон забони ғайрро истифода менамоянд ва ё ин ки бо лаҳҷа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мактабу муассисаҳои таълимӣ, ҳатто дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ дар суханрониву муоширати худ фаровон истифода мебаранд, ки шояд носипосӣ дар ҷавоб ба ин ҳама талошу кӯшишҳо ва ғамхориҳои Сарвари хирадманди давлати тоҷикон бошад. Зеро Президенти мамлакат роҷеъ ба ин паҳлуи масъала чунин таъкид карда буданд:

«Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».

Президенти ҷумҳурӣ дар ҳама суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи забон ба забон ҳамчун рукни ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ арҷгузорӣ намуда, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя устувор сохтааст.

Бояд таъкид намуд, ки «ноил шудан ба соҳибистиқлолият дар навбати худ ташаккул ва густариш ёфтани ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла зарурати аз ҷиҳати луғавӣ бой будани забони қонунро талаб менамояд». Имрӯз забони тоҷикӣ забони коргузории мукаммал ва қонуну санаднигорӣ гардидааст. Дар аҳди шӯравӣ, ҳатто дар ибтидои истиқлолият (аввали солҳои 90-и асри ХХ) ҳуҷҷату санад, қонуну кодексҳо ба забони русӣ таҳия гардида, ба тоҷикӣ тарҷума шуданд, ҳоло баръакс, забони давлатӣ ба забони асли қонуну кодексҳо табдил ёфтааст ва ин шаҳодати рушди ин забон маҳсуб меёбад. Вале акнун ба сифати ҳуқуқӣ, лингвистӣ, мантиқӣ ва амалию техникии санаду қонунҳо аҳамияти бештар додан зарур аст.

Мутобиқи банди 23-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид гардиданд, ки ин иқдом дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад. Маҳз дар партави ҳамин сиёсати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ забони мо бо доштани имконоти фаровон дар асоси қолабҳои меъёрии суннатӣ ва равишҳои адабӣ дар ҷомеа мақому мартаба пайдо хоҳад кард.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиёти миллӣ истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Дар ин маврид як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки барои рушди забони давлатӣ (тоҷикӣ) заминаи боэътимод мебошанд.

Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забон баён гардидааст, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ — ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.

Президенти Тоҷикистон дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22 июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштаанд, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009, аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октбяри соли 2009 ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Иҷрои ин Протокол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Мутобиқи қисми 2-юми моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ин таҳия ва қабули Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 буд, ки он 30 июни соли 2012 ба тасвиб расида, бо мақсади рушду густариши забони давлатӣ дар коргузорӣ ва дигар самтҳо татбиқ гардид.

Мутобиқи қисми 4 моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Ин масъала ба банди 13-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ ворид карда шуда буд. Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Мутобиқи қисми 6 моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Сиёсати донистани чандин забон, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мешавад, барои рушди солими шахсият ва ҷомеа ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад. Дар масоили омӯзиши забонҳо дар партави ин сиёсат мо дастовардҳои хуберо дар мамлакатамон мушоҳида мекунем. Ҳоло сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ талош меварзанд, аз даврони қабл аз Истиқлолият ба маротиб бештар буда, дар ҷумҳурӣ барои омӯзиши забонҳо имконоти фаровон фароҳам оварда шудаанд, ки ин ҳама аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз мо дар шароити соҳибистиқлол шудани Ватанамон бештар аз ҳар вақти дигар ба ҳамкории байналхалқӣ эҳтиёҷ дорем. Ҳамкории байналхалқӣ бе донистани забонҳои асосии ҷаҳони муосир имконнопазир аст.

Аммо донистани забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба ин забон ва поку беолоиш нигаҳ доштани он яке аз муқаддастарин вазифаҳои мо маҳсуб меёбад. Тартиби ғалатгӯйиву омехтасозии зебони шевои тоҷикӣ то ин замон ба таври куллӣ аз байн нарафтааст ва ин як масъалаи бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад. Зеро дар тарбияи насли наврас ва насли ҷавону ояндасоз, ки тақдири ояндаи забон дар дасти онҳост, мо бояд аз давраҳои аввали ташаккулёбиашон дар рагу пайвандашон калимаву вожаҳои зебои тоҷикиро ҷой бидиҳем.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши забони тоҷикӣ чунин иброз намуданд: «Забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ва дунё волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст».

Моро зарур аст, ки ҳар дақиқаву ҳар лаҳзаро дар ҳимояи забони модарии худ қарор диҳем, то он аз байн наравад ва худро дар назди насли башар ҳамчун миллати ориёӣ ва воҳиду озодазода муаррифӣ карда битавонем.

Умедворам, ки мо бо роҳбарии хирадмандони Пешвои миллат метавонем, аз забонамон ба таври куллӣ ҳимоят намоем ва ин мероси гаронарзишро ба насли оянда бо тамоми дороӣ ва қудраташ эҳдо бикунем, то асрҳо ба баъд аз он тоҷикон ва тамоми ҷаҳониён фаровон истифода кунанд.

Кумита бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2013 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия ва барои чоп омода намуд, ки имрӯз китоби мазкур фарҳанги рӯимизии ҳар як мутахассиси мамлакат мебошад.

Сарвари мамлакат ва аҳли зиё кӯшиши зиёд мекунанд, то забони тоҷикӣ забони илм шавад, ки ин аҳамияти бузурги назариявию амалӣ дорад, зеро решаи илмии он ба таърихи ҳазорсолаҳо мерасад. Албатта, ин ҷо саҳму мақоми суннатҳои хаттиамонро ёдовар бояд шавем, ки ба шарофати таърихи бою ғанӣ ва камназир доштанашон имрӯзиён метавонанд саҳифаҳои гузаштаи қадими худро варақ зананд. Ин моро вазифадор менамояд, ки беҳтарин анъанаҳои илмии ниёгонро идома диҳем, пойдор гардонем ва рушд бахшем, чаро ки дар мамлакати тозистиқлоламон барои ин тамоми шароит фароҳам омадааст.

Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори Ҳайати мушовара аз 28 марти соли 2011 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст.

Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 100 нафар муҳаққиқон фаъолият доранд.

То имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур Кумита дар давоми фаъолияти худ беш аз 60 фарҳангномаҳои марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи Кумитаро пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ-тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ –англисӣ-русӣ) мебошанд.

Дар тӯли 10 соли фаъолияти худ Кумитаи навтаъсис бештар аз 300 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, 60 Луғатнома, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъйиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хӯрокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода, истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудааст.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддас мизи мудаввар ва конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд, ки то имрӯз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» ( 2010), мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон – Қазоқистон: Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ» (2011), мизи мудаввар таҳти унвони «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2011), Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» (18 сентябри соли 2012), Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» (1 октябри соли 2013), мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврали соли 2014), мизи мудаввар ба ифтихори Чашни байналмилалии Наврӯз (18 марти соли 2014) баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони илм нақши арзанда гузоштааст.

Баъди соҳибистиқлолии мамлакат Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия бо 41 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 30 маркази фарҳангӣ, дар Украина бо 2 ташкилот, дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо 2 ташкилоти ҷамъиятӣ ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо 7 маркази фарҳангӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Рӯзгори файзбори Истиқлолият, ки барои тавсеаи доманаи корбурди забони модарӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷабаҳои ҳаёт, ғаноафзоии мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони модарӣ ба таври дастаҷамъӣ камари ҳиммат бандем.

Забони тоҷикӣ дар ташаккули ба таъбири устод Айнӣ “як қавми муаззам бо номи тоҷик” ва бунёди адабиёту фарҳанги оламшумули он нақши меҳварӣ дорад, ки номи бузургони илму адабаш, мисли устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Умари Хайём, Ҷомӣ… имрӯз ҳам дар саросари олам вирди забонҳост. Ин забон, ки аз имтиҳонҳои ҷиддии таърих бо сари баланд гузаштааст, дар рӯзгори кунунии ба истилоҳ ҷаҳонишавӣ низ метавонад бо ҳиммати соҳибзабонон асолату шевоии худро ҳифз намуда, ҳамчунин ба ояндагон мерос гузорад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво