15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

ТОҶИКИСТОН ДАР ЭКСПО-2019. Шумораи тамошобинони Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин ба 7,8 миллион нафар расид

28
ТОҶИКИСТОН ДАР ЭКСПО-2019. Шумораи тамошобинони Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин ба 7,8 миллион нафар расид
«Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 дар Пекин дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тавре аз бюрои ин намоишгоҳ иттилоъ доданд, аз лаҳзаи ифтитоҳ – охири моҳи апрел то имрӯз шумораи тамошобинони ЭКСПО-2019 ба 7,8 миллион нафар расидааст ва интизор меравад, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин теъдоди ташрифоварандагони он бештар гардад»,- хабар медиҳад АИ «Синхуа».

Дар форуми байналмилалии рушди соҳибкорӣ, ки 22 сентябр дар доираи ЭКСПО-2019 баргузор гардид, муовини роҳбари бюрои намоишгоҳ Е. Даҳуа зикр кард, ки шумораи тамошобинон мунтазам афзуда, аз тамошои растаниҳои нодиру боғҳои аслии ин намоишгоҳ меҳмонони фахрӣ ва дигар тамошобинон аз кишварҳои гуногун таассуроти амиқ мебардоранд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ фаъолона ширкат меварзад. Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО — 2019 дар Пекин таъсис дода шудааст, ҷумҳурӣ дастовардҳои худро дар соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта, инчунин ҳамкориро бо корхонаҳои Чин ва дигар кишварҳои иштирокчии он густариш дод»,- иттилоър медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба рӯзномаи «Женмин жибао».

Дар гӯшаи Тоҷикистон беш аз 30 намуд маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки хусусияти фарқкунандаи он аз дигар қисматҳои ин намоишгоҳ аст. «Афзалиятҳои мо дар ҳамкорӣ бо Чин, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Тоҷикистон дар ЭКСПО — 2019 имконоти фарохро барои густариши ин ҳамкорӣ нишон дод. Дар ин намоишгоҳ баъзе аз ширкатҳои мо аллакай ба татбиқи лоиҳаҳои худ шурӯъ карда, шарик пайдо намуданд»,- гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷурахон.

Бояд таъкид намуд, ки мувофиқи омори Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2018 ҳаҷми умумии воридот ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ байни Чину Тоҷикистон 23,562 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар панҷ моҳи аввали соли 2019 ин рақам 6,429 миллион доллар аст. Аз ҷумла, Чин аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1,093 миллион доллар ворид кардааст. Ба гуфти вазири кишоварзии мамлакат И. Сатторӣ, лимӯ, гелос ва меваҳои хушк маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Чин мебошанд.

Тибқи барномаи татбиқшавандаи мубодилаи таҷриба, ҳамасола беш аз сад мутахассис ва олим аз Тоҷикистон барои омӯзиши технологияҳои нав дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ ба Чин фиристода мешаванд. Ғайр аз ин, мутахассисони чинӣ технологияҳои пешрафтаи парвариши пахта ва биринҷро дар Тоҷикистон ҷорӣ намуда, гармхонаҳо ташкил карда, мутахассисони маҳаллиро тайёр мекунанд.

Инчунин, дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон лоиҳаҳои бисёри ҳамкорӣ бо ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон дар якҷоягӣ бо сарони якчанд кишварҳо ба Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2019 дар Пекин ташриф оварданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво