29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамоиши кормандони Кумита дар мавзуи муҳим

513
Ҳамоиши кормандони Кумита дар мавзуи муҳим

Имрӯз дар толори калони маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз сироятёбии Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) машварат доир гардид.
Машваратро муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Ш.И. оғоз намуда. Ў иброз намуд, ки Кумита тасмим гирифтааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оид ба “Вируси норасоии масунияти одам” сабабҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва табобати он машварат баргузор намоем.
Ҳамоиши кормандони Кумита дар мавзуи муҳим
Бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сирояти дорои ҷанбаи иҷтимоӣ ба шумор рафта, яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳо аз ВНМО эмин намонда, бо мақсади пешгириву муқовимат бо он барномаву стратегияҳои давлатӣ татбиқ гардида истодаанд.
Зимнан, Вируси норасоии масунияти одам сол ба сол ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил меёбад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Пешгирии як зумра бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд». Бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расонидани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон як қатор барномаҳои мақсадноки давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Ҳамоиши кормандони Кумита дар мавзуи муҳим
Дар ҳамоиши имрӯза ҳамчунин Мутахассиси шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Боймуродов Камолиддин ҳузур дошт. Номбурда дар барои “Вируси норасоии масунияти одам” сабабҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва табобати он сӯхбат намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Ӯ таъкид намуд, ки дар самти пешгирии ин сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар маҷмуъ ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур мебошад. Дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар намудани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон саҳми ҳар яки мову шумо муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамоиши кормандони Кумита дар мавзуи муҳим
Аз ин рӯ ҳар як фардро зарур аст, ки нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа ӯҳдадор ва масъул бошад, чунки тамоми мушкилоти зиндагӣ, алалхусус саломатӣ аз рафтори ҳар як нафар вобаста мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз солимии мо тансиҳатии аҳли оила, наздикон ва дар маҷмӯъ, тамоми ҷомеа вобаста мебошад. Чунон, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Оилаи солим пойдевори ҷомеаи солим мебошад”.
Хабарнигори
“Рӯзномаи бинокорон”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво