15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия аз Вазорати молияи Тоҷикистон боздид намуд

52
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия аз Вазорати молияи Тоҷикистон боздид намудМасъалаҳои тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук дар меҳвари мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия қарор дошт.

Аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон аз ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии гумрук изҳори қаноатмандӣ намуда, атрофи масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот мусоҳибон барои дар оянда боз ҳам тақвият додани ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии гумрук омодагии худро баён доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки Дабири кулли СҶГ дар доираи сафари расмиии серӯзааш- аз 23 то 25 сентябр бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳруии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод.

Ҳамзамон Кунио Микурия дар Душанбе бо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуданд.

Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳамзамон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардид.

Бо ҳамин сафари расмии Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво