24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат ангораи Наврӯз-2016-ро тасдиқ намуд

1254
Дар ин бора имрӯз аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Чунонки дар иттилоияи расмӣ омадааст, “аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд”.
Дар идома омадааст, ки ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ истифода гардад.
Вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳангоми тантанаҳои наврӯзӣ аз ин ангора истифода намоянд.
Пешвои миллат ангораи Наврӯз-2016-ро тасдиқ намуд

Ангораи ҷашни Наврӯзӣ (дар формати JPEG)




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво