20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҷмӯаи асарҳои композиторони Тоҷикистон таҳти унвони «Меъмори Истиқлол» ба нашр расид

554
Маҷмӯаи асарҳои композиторони Тоҷикистон таҳти унвони «Меъмори Истиқлол» ба нашр расид

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таҳти унвони «Меъмори Истиқлол» маҷмӯаи асарҳои композиторони тоҷик ба нашр расид.

Маҷмӯа зери назари доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ таҳия гардида, аз ҷониби нашриёти «Истеъдод» ба табъ расидааст.

Ин маҷмӯа аз асарҳои баландғояи миллии муосир, ки инъикоскунандаи дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ˗ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мебошанд, иборат аст.

Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иброз намуд, дар замони истиқлолият соҳаи фарҳангу санъат, хусусан мусиқии касбӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуда, ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ имрӯз дар мамлакат фазои мусоиди эҷодӣ фароҳам оварда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки асарҳои маҷмӯаи мазкур баҳри баланд бардоштани рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихор аз истиқлолияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, ташаккули ҷанбаи дунявии фарҳанги мусиқии муосири тоҷикон бештар равона гардидаанд.

«Меъмори Истиқлол» маҷмӯаи рӯимизии аҳли фарҳангу ҳунар ва дӯстдорони санъати мусиқӣ хоҳад буд, зеро он метавонад дар баланд бардоштани маънавиёту фарҳанги мардуми тоҷик саҳм гузорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво