25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз-Рӯзи Рӯдакӣ. Барои таҳқиқу тарғиби осори шоир таъсиси Маркази илмии байналмилалии Рӯдакишиносӣ зарур аст

516
Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо МУЛЛОАҲМАД дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс- устоди шоирони Аҷам дар давраи Истиқлол, ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо суҳбат намуд:

АМИТ «Ховар»: Рӯдакишиносӣ таърихи қадим дошта, аз замони худи «Одамушшуаро» оғоз меёбад. Таҳқиқи амиқи илмии аҳволу осори шоир дар Тоҷикистон чанд марҳиларо тай кардааст ва муҳимтарини он кадом аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Осори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ҳанӯз муосирони ӯ, амсоли Шаҳиди Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Мухаллидии Гургонӣ, Дақиқӣ, Абӯзироъаи Гургонӣ арзёбӣ намуда, муҳимтарин ҷанбаҳои ашъору шахсияти ӯро зикр кардаанд. Худи Рӯдакӣ низ ба сифатҳои шеъраш ишораҳо кардааст, ки барои шинохти осори ӯ мусоидат менамоянд.

То асри ХIХ сарчашмаи асосӣ дар шинохти Рӯдакӣ тазкираҳо буданд, вале маълумоти онҳо бештар ҷанбаи ривоятӣ дошта, такрорӣ мебошанд. Баррасии илмии аҳволу осори шоир тавре ки Саид Нафисӣ ва А.Мирзоев таъкид кардаанд, аз асарҳои Ҳ. Эте, Ч. Пикеринг, П. Ҳорн, Э. Браун, Р.Левӣ, Шиблии Нӯъмонӣ ва амсоли онҳо шурӯъ шуда, сипас дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистон густариш пайдо мекунад. Ҷамъоварӣ ва интишори осори бозмондаи Рӯдакӣ тақрибан аз асри ХVII шурӯъ шудааст.

Дар Тоҷикистон Рӯдакишиносӣ чандин марҳиларо тай кардааст, ки давраи Истиқлол аз муҳимтарин ва дурахшонтарин марҳилаҳо ба шумор меравад. Дар ин давра на танҳо нашри ашъори «Одамушшуаро» хеле афзуд, балки таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи рӯзгору осори боқимондаи ӯ низ вусъат пайдо карда, як зумра асарҳои илмӣ ба табъ расиданд.

Асари устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Субҳони Амир, ки соли 1999 таҳти унвони «Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён» нашр шуд, иқдоми муҳиме дар шинохти осору андешаҳои «Одамушшуаро» буда, бо диди тозаи замони Истиқлол ба моҳияту арзишҳои осори шоир ва мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон таълиф шудааст.

Дар рисола, чунонки қаблан зикр карда будем, аз дидгоҳи тоза ба ҷанбаҳои ноаёни ҳаёти адабии замони шоир амсоли таъсири унсурҳои дини масеҳӣ, зуҳури барҷастаи худшиносиву ифтихороти миллӣ дар мадҳияҳо нигариста, яке аз омилҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани шоирро низ муҳаққиқ дар иртиботи ӯ бо давлати Сомониён ва ифодаи ормонҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ медонад. Дар рисола ҳамчунин беасосии мавқеъгирии исломгароёнаи «рӯдакишиносони навбаромад», кӯри модарзод будани шоир ва амсоли инҳо нишон дода шудааст. Китоби мазкур соли 2008 дубора ба табъ расид.

С. Амир ҷустуҷӯйро дар Рӯдакишиносӣ идома дода, соли 2015 асари «Устод Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ» нашр намуд. Дар мақолаҳои «Авфии Бухороӣ ва шинохти Устод Рӯдакӣ», «Вокуниши баъзе аштибоҳот доир ба шинохти Устод Рӯдакӣ», «Назаре дигар дар боби дарҳамшикастани миф (афсонаи) «кӯри модарзод» будани Рӯдакӣ ва ё кӯр карда шудани ӯ», «Носири Хусрав ва шинохти Устод Рӯдакӣ», «Рӯдакӣ шоири ҷаҳонӣ буд», «Ишқи Рӯдакӣ» бозёфтҳои тозаи муаллиф баён шудаанд, ки чандин муаммои аҳволу осори шоирро ҳал менамоянд. Аз ҷумла, солҳои охир калимаи «талвино»-ро дар байти машҳури Шаҳиди Балхӣ дар бораи сухани Рӯдакӣ баъзе адабиётшиносони тоҷик ба шакли носаҳеҳи «тилви Нубо» сабт намуда, натиҷаҳои нодуруст бардошта буданд. Дар рисола носаҳеҳии ибораи мазкур ва нодурустии натиҷаҳои бардоштаи муҳаққиқон бо далелҳои қотеъ ба субут расонда шудааст.

Сипас, мақолаҳои зиёде дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни рӯзгор ва осори Рӯдакӣ чоп шуданд, ки ба қалами муҳақиқони тоҷик тааллуқ доранд.

Чанде аз мақолаҳои муҳаққиқони тоҷик дар фаслномаи адабиву фарҳангии «Рӯдакӣ»-и Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба табъ расиданд. Дар шумораҳои 8-9 соли 2005, ки вежаномаи Рӯдакӣ мебошад, мақолаву гузоришҳои М. Урунова, Ф.Бобоев, Ҳ. Зоиров, Х.Шарифов, С.Шаҳобуддинов, А. Алимардонов, К. Айнӣ, Т. Келдиёров, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, М. Маҳмудзода, Т. Мардонӣ, М. Муллоаҳмад, А. Насриддинов, Ф. Насриддинов, Р.Ҳодизода ҷой дода шудаанд, ки ба масъалаҳои гуногуни Рӯдакишиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи С. Шаҳобуддинов «Ду байти нав аз осори Рӯдакӣ» аз як нусхаи хаттии қадимии Қуръони карим, ки дар Захираи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст, пайдо гардидани як шеъри тозаи шоир хабар дода мешавад, ки соҳми шоистаи муҳаққиқи тоҷик дар ҷамъоварии осори «Одамушшуаро» мебошад.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, нақши устод Рӯдакӣ дар такомули забони порсии дарӣ (тоҷикӣ) хеле калон аст, инчунин устод дорои ҳунари фавқулода низ буданд. Дар ин давра дар баробари таҳқиқи аҳволу осор ба забон ва робитаи ӯ бо ҳунари мусиқӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд?

Мирзо Муллоаҳмад: Бале. Дар ин давра дар баробари таҳқиқи замон, аҳвол ва осору андешаҳои шоир ба забон ва ҳунари устод Рӯдакӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Асарҳои М. Қосимова «Сомониён ва анҷоми ташаккули забони адабӣ», Қ.Мухторӣ «Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рӯдакӣ», Бобо-Назар Ғаффор «Шоири Хуросон», Х. Муҳаммадзод «Забони осори Рӯдакӣ», Султони Ҳамад «Рӯдакӣ чанг бигирифту навохт», Ҷ. Обидпур «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» ба баррасии масъалаҳои нақши Рӯдакӣ дар такомили забони порсии дарӣ (тоҷикӣ), хусусиятҳои луғавию сарфу наҳвии ашъори боқимондаи шоир ва робитаи ӯ бо ҳунари мусиқӣ бахшида шудаанд.

Ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осори устод Рӯдакӣ дар асарҳои С. Имронов «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», С. Саидов «Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ», И. Салоҳиддинов «Гунбади чарх аз суханаш пурсадост», М. Муллоаҳмад, С. Қурбонова «Абӯабдулло Рӯдакӣ», Т. Атахонов «Устоди шоирони ҷаҳон», А. Насриддин «Рӯдакӣ – устоди шоирони Аҷам», А. Сайфуллоев «Паямбари ишқ», А. Сатторзода «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ», А. Насриддин, Ф. Насриддинов «Рӯдакӣ – устоди суханварони Аҷам», Т. Мардонӣ «Рӯдакӣ ва адабиёти араб», Ҳ. Шарифзода «Соҳибқирони шоирон», Ҷ. Саидзода «Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён», А. Маликзод «Аз ғазали рӯдакивор то шеъри нимоӣ», Ҳ. Қаландаров «Рӯдакӣ ва исмоилия», А. Раҳмонфар «Рӯдакиро суханаш тилви нубост…», М.Нарзиқул «Авзони ашъори Рӯдакӣ», М. Муллоаҳммад «Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар замони Истиқлол Рӯдакишиносӣ на танҳо торафт вусъат пайдо карда, масъалаҳои гуногуни марбут ба адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих, антропология, тиб, мусиқӣ, ҳунар ва амсоли онҳоро фаро мегирад, балки аз лиҳози таҳлилу баррасии масъалаҳо аз умумигӯиҳо, ки қаблан ҷой дошт, берун мебарояд ва дар аксари асарҳо амиқрафту дақиқназариҳо ва далелу бурҳонҳои тоза дар таҳлилу баррасӣ мушоҳида мешавад. Маҷмӯаи мақолаҳои «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», ки соли 2014 ба муносибати ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ нашр шуд, далели он аст. Маҷмӯа мақолаҳои Рӯдакишиносони кашварҳои гуногун, аз ҷумла маҳаққиқони тоҷикро дар бар мегирад. Дар аксари мақолаҳои маҷмӯа бозёфтҳо ва сухани тозае роҷеъ ба рӯзгор ва осори «Одамушшуаро» ба назар мерасад.

Дар ин давра низ мисли марҳилаҳои қаблӣ асарҳои ҷасъбастӣ ба вуҷуд омаданд, ки «Одамушшуаро Рӯдакӣ» -и А. Афсаҳзод аз ҷумлаи онҳост. Китоб аз чаҳор боб иборат буда, баррасии масъалаҳои муҳити зисти устод Рӯдакӣ, зиндагиномаву осори дастраси шоир ва андешаву забони ашъори ӯро дар бар мегирад. Муаллиф ба масъалаҳои баҳсноки аҳволу осори шоир таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаҳои худро бо далелҳо баён кардааст. Аз ҷумла, ӯ дар мавриди нобиноии Рӯдакӣ андешаҳои кӯри модарзод будани шоирро рад намуда, аввал ҳадс мезанад, ки «шояд Устод Рӯдакӣ дар пиронсолӣ гирифтори ягон бемории чашм шуда бошад». Вале, мутаассифона, муаллиф ин андешаи комилан дурустро тақвият надода, дар асоси равояти Наҷотӣ ба хулосае меояд, ки «ба чашмони дардманди сарояндаи орзуҳои халқ ва муборизи зидди истибдод Рӯдакӣ, бо вуҷуди тирабасирии ӯ, ҷабран мил кашиданд». Тавре ки мо қаблан ба субут расондем, Рӯдакӣ дар қасидаи маъруфи «Шикоят аз пирӣ», ки бешак аз охирин сурудаҳои шоир аст, ба кӯр карда шуданаш ишорае накардааст.

АМИТ «Ховар»: Дар сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ миқдори ашъори устод Рӯдакӣ ба таври гуногун, масалан 130 ҳазор байт, 180 ҳазор байт, 800 ҳазор байт ва ниҳоят аз як миллион зиёд байт ба қалам дода шудааст. Он тадқиқоте, ки аз ҷониби муҳаққиқон сурат гирифтааст кадомаш ба ҳақиқат наздик аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Мулоҳизаҳои А.Афсаҳзод роҷеъ ба миқдори ашъори Рӯдакӣ низ ҷолиб буда, барои дарёфти ҳақиқат мусоидат менамояд. Бале, дар сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ миқдори ашъори шоир ба таври гуногун 130 ҳазор байт, 180 ҳазор байт, 800 ҳазор байт ва ниҳоят 1 миллиону сесад ҳазор байт ба қалам дода шудааст. А.Афсаҳзод ҳамаи он андешаҳоро мавриди баррасии амиқ қарор дода, андешаи «беш аз саду ҳаштсад ҳазор, вале камтар аз дусад ҳазор байт шеър гуфтани» шоирро тасдиқ менамояд, ки дарвоқеъ мантиқӣ аст.

Ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 баргузор гардид, марҳилае тозаеро дар Рӯдакишиносӣ боз намуд. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ташкил гардида, осори зиёди илмӣ ба табъ расиданд.

Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон», ки 6-7 сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ҳодисаи муҳиме дар ҳаёти фарҳангии мамлакат ва Рӯдакишиносӣ буд. Дар ифтитоҳи симпозиум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба арзишҳои умумибашарии андешаҳои Рӯдакӣ ва мақоми волои ӯ ишора карданд. Дар панҷ бахши ҳамоиш беш аз 120 суханронии илмии муҳаққиқони тоҷику хориҷӣ дар робита ба замон, рӯзгор, осор, андешаву афкор, забону сабк, ҳунару маҳорати суханварӣ ва масоили дигари Рӯдакишиносӣ баррасӣ шуданд.

18 июни соли 2008 дар толори СММ бо ширкати намояндагони беш аз 190 кишвари ҷаҳон таҷлили 1150-солагии Рӯдакӣ сурат гирифт, ки дар он Дабири кулли СММ Пан Ги Мун сухан кард. Банда низ дар ин ҳамоиш дар мавзӯи «Рӯдакӣ — шоири бузурги башардӯст» сухан кард.

Ба истиқболи ҷашн бо ташаббуси сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва Тошканд ҳамоишҳои илмӣ баргузор гардиданд. Маводи ҳамоише, ки августи соли 2008 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии шаҳри Тошканд барпо гардид, дар шакли маҷмӯа-«Одамушшуаро Рӯдакӣ» ба табъ расид. Дар маҷмӯа мақолаҳои донишмандони тоҷику ӯзбек ва порае аз драмаи С. Удуғзода «Рӯдакӣ» ба забони ӯзбекӣ ҷой дода шудаанд. Ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Деҳлӣ ва амсоли инҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо низ муҳаққиқони тоҷик ширкат намуданд.

Ба муносибати ҷашн чандин маҷмӯаҳои мақолаҳо ба табъ расиданд, ки муҳимтарини онҳо «Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз» ва «Рӯдакӣ ва суннатҳои адабии мардумони Осиёи Марказӣ ва Ҳинд» мебошанд. Дар маҷмӯаҳои мазкур бозёфтҳои илмии донишмандони Тоҷикистон, Россия, Франсия, Америка, Эрон, Ҳиндустон, Булғористон, Ӯзбекистонро дар Рӯдакишиносӣ дар бар мегиранд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангӣ, ки ба муносибати ҷашн зуҳур кард, нашри 2 ҷилди «Донишномаи Рӯдакӣ» мебошад. Дар ин асар чӣ гуна маълумоти нав дар бораи рӯзгору осор, андешаву афкор, забону сабк, тарҷумаву таҳқиқи ашъори шоир дарҷ ёфтааст?

Мирзо Муллоаҳмад: Нашри 2 ҷилди «Донишномаи Рӯдакӣ» нахустон донишнома роҷеъ ба адибони тоҷику форс мебошад. Дар ин асари ҷамъбастиву дастҷамъӣ, ки беш аз бист ҳазор мақоларо дар бар мегирад, навтарин иттилоот дар бораи замон, рӯзгор, осор, андешаву афкор, забону сабк, тарҷумаву таҳқиқи ашъори шоир ва умуман ҳар чӣ марбут ба Рӯдакист, дарҷ ёфтаанд. Асари мазкур на танҳо арзиши баланди иттилоотиву маърифатӣ, балки дорои аҳамияти бузурги илмӣ буда, барои равшан кардани гӯшаҳои торик ва камтаҳқиқшудаи Рӯдакишиносӣ низ хеле судманд аст. Ин ҳоло охирин асари ҷамъбастӣ дар Рӯдакишиносӣ аст, ки барои таҳқиқи амиқу васеи аҳволу осори «Одамушшуаро» мусоидат менамояд.

Ҷашни мазкур барои таҳқиқи амиқу пурвусъат ва гуногунҷабҳаи осори боқимондаи шоир мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар асари набототшиноси тоҷик М.Ҳоҷиматов «Ҳаким Рӯдакӣ» тасвири гулу гиёҳҳо дар ашъори Рӯдакӣ ва муносибати шоир бо илмҳои гуногуни табиатшиносӣ ва тиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар давраи Истиқлол нашри ашъори устод Рӯдакӣ низ хеле афзуда, матншиносии осори ӯ рушд пайдо кард. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар соли 1999 ду маҷмӯаи осори Рӯдакӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба нашр расиданд. Дар пешгуфтори муфассали маҷмӯаи «Насими Мӯлиён» мураттиби он Асрори Раҳмонфар «тартибу танзими мероси манзуми Рӯдакиро…ба чаҳор марҳалаи шартӣ» ҷудо мукунад ва роҷеъ ба ҳусну қубҳи корҳои дар ин замина анҷомёфта изҳори андеша менамояд.

Ӯ таъкид мекунад, ки «марҳалаи якум аз ибтидои садаи нуздаҳум дар кишварҳои Мағрибзамин оғоз гирифтааст» ва Ҳ. Этеро аввалин шахсе медонад, ки ба ин кор даст задааст. Вале тавре ба субут расидааст, ҳанӯз соли 1616 Ҳасани Розӣ ибни Лутфуллоҳи Теҳронӣ аз китобхонаҳои гуногун осори парешони шоирро ҷамъ оварда, бо девони Қатрон муқоиса кардааст. Пас аз ӯ ин иқдомро донишманди дигари эронӣ Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи маъруфи худ «Маҷмаъулфусаҳо» идома додааст. Асрори Раҳмонфар тартибу танзими осори бозмондаи Рӯдакиро, ки С.Нафисӣ муқаррар карда буд ва мураттибону ноширон онро идома медоданд, шикаста, қасидаҳо, ғазалҳо, марсияҳо, чистонҳо ва қитъаҳоро ба таври ҷудогона дастабандӣ ва танзим кардааст. Ҳарчанд ин дастабандӣ беъзе норасоиҳо дорад, барои муайян кардани анвоъи ашъори боқимондои шоир судманд аст. Китоб дорои шарҳи луғот ва тавзеҳоти муфассал буда, онро метавон нашри хуби оммавӣ донист.

АМИТ «Ховар»: Шодравон Абдулманнони Насриддин ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён китоби «Рӯдакӣ (нусха-шиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)»-ро ба табъ расонд. Ин китоб аз чанд бахш иборат аст ва дар он кадом масъалаҳои муҳими матншиносии осори боқимондаи Рӯдакӣ баррасӣ шудааст?

Мирзо Муллоаҳмад: Дар ҳақиқат шодравон Абдулманнони Насриддин солҳои тӯлонӣ ба тартибу танзим ва таҳқиқи матни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ машғул шуда, ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён китоби «Рӯдакӣ (нусха-шиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)»-ро ба табъ расонд, ки он аз ду бахш иборат аст. Бахши аввал ҷустуҷӯйҳои илмии донишмандро дар матншиносии осори Рӯдакӣ дар бар мегирад. Дар ин бахш масъалаҳои муҳими матншиносии осори боқимондаи Рӯдакӣ, амсоли нусхашиносӣ, тасҳеҳи матн, омехташавии осори ӯ бо ашъори шоирони дигар, муайян кардани мансубияти ашъори ӯ ва ғайра баррасӣ шудааст.

Дар бахши дувуми китоб, ки «Девони устод Рӯдакӣ» номгузорӣ шуда, матни осори бозмондаи шоирро дар бар мегирад, ҳамаи ашъори то замони таълифи китоб ҷамъовардаи муҳаққиқони кишварҳои гуногун ҷой дода шудаанд. Тавре ки худи муаллифи китоб менависад, «бунёди ин нашрро «Девони Рӯдакии Самарқандӣ»-бар асоси нусхаи Саид Нафисӣ, И. Брагинский.Теҳрон, 1373 ташкил додаст». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки А.Насриддин дар зери ҳар шеъру байтҳои пароканда маъхази онҳоро зикр намудааст, ки ин раҳнамои хубест барои мураттаб кардани матни илмиву интиқодии осори шоир. Дар воқеъ китоби мазкур барои омода кардани матни саҳеҳи илмиву интиқодии осори бозмондаи Рӯдакӣ заминаи назариявӣ ва амалӣ фароҳам овард.

«Девон»-и Рӯдакӣ, ки бо тасҳеҳу тавзеҳоти Қодири Рустам соли 2007 ба истиқболи 1150-солагии шоир ба табъ расид, иқдоми тоза ва шоиста дар нашри матни осори боқимондаи «Одамушшуаро» буд. Қодири Рустам дар таҳияи матни девон хеле заҳмат кашида, ба ислоҳи чандин нуқсоне, ки дар нашрҳои гуногуни осори шоир ҷой доштанд, муваффақ шудааст. Иқдоми ӯ дар ҳалли масъалаҳои интисоби байтҳо ба Рӯдакӣ ва шоирони дигар, нусхабадалҳо ва ихтилоф дар шарҳи вожаҳои ашъори шоир, ки дар сарсухани китоб батафсил баён шидааст, шоистаи давом додан аст. Бахши «Ҳошия ва таълиқот»-и китоб низ хеле муфассал ва муфид буда, шарҳи масъалаи интисоби ашъори шоирони дигар ба Рӯдакӣ, вожаву истилоҳоти гуногуни дар матни девон ҷой доштаро дар бар мегирад.

Бо қарор ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри осори 50-ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик дар силсилаи «Ахтарони адаб» шурӯъ шуд, ки ҳодисаи муҳиме дар ҳаёти фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад. Ин силсила бо нашри «Ашъор»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Дар пешгуфтори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ганҷинаи бегазанд» ба арзишҳои адабиву маънавии мероси фарҳангии мардуми тоҷик ишора шуда, зарурати таҳқиқу нашри онҳо таъкид гардидааст.

Мақолаи Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – поягузори адабиёти форс-тоҷик» хонандаро бо муҳимтарин лаҳзаҳои рӯзгору осор ва афкори шоир ошно менамояд. Мураттибон тартиби аз рӯи анвоъи шеърҳо муқаррар кардаи Саид Нафисиро шикаста, шеърҳо ва байтҳои парокандаро дар асоси тартиби алифбои арабӣ дар охири байтҳо овардаанд, ки ба назари мо дуруст нест. Зеро тартиби алифбои кириллии мо аз форсӣ фарқ мекунад.

Соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ чандин маҷмӯаи осори шоир ба табъ расид. Аз ҷумла, Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ бо кӯшиши Усмон Назир «Девон»-и Рӯдакиро интишор дод, ки бо Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ оғоз меёбад.

Дар муқаддимаи китоб, ки «Устод Рӯдакӣ – рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик» унвон дорад, шарҳи ҳоли шоир ва муҳимтарин корҳое, ки дар таҳқиқу нашри осори шоир анҷом ёфтаанд, баён шудаанд. Инчунин дар муқаддима баъзе нуктаҳои баҳснок ба назар мерасанд. Аз ҷумла, муаллиф таъкид мекунад, ки аз Рӯдакӣ «се қасидаи том» ба мо расидааст. Дар ҳоле ки то имрӯз ду қасидаи томи шоир – «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ» маълум аст. Агар манзури муаллиф муқаддимаи шеъри «Баҳория» бошад, он тағаззули қасида буда, мутаассифона, то ҳол қисматҳои дигари он пайдо нашудааст. Шеъри машҳури Рӯдакӣ «Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме» ғазал номида шудааст. Аввалан шеъри мазкур дар аксари сарчашмаҳо мисли «Чаҳор мақолаи Низоми Арӯзии Самарқандӣ, «Лубобулалбоб»-и Муҳаммад Авфӣ қасида шуморида шудааст. Сониян баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла О. Хоҷамуродов онро тасниф номидааст, ки ба назари мо дуруст аст.

Ба муносибати ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ ниҳоят бо кӯшиши Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ матни илмиву интиқодии «Девони ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ» бо ҳуруфи форсӣ дар чопхонаи «Пайванд»-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба табъ расид. Китоб бо пешгуфтори Алиасғари Шеърдӯст ва мақолаҳои Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ шурӯъ мешавад, ки дар онҳо роҷеъ ба мақому шуҳрати ҷахонии Рӯдакӣ, тадқиқу нашри осори боқимондаи шоир ва тартибу танзими девони мазкур сухан рафтааст.

Тавре ки худи мураттибон таъкид кардаанд, ин «аввалин маҷмӯаи осори бозмондаи шоир аст, ки аз рӯи усул ва талаботи илми матншиносӣ таҳия шудааст». Китоб дар асоси матни омодакардаи Саид Нафисӣ ва бозёфтхои нави муҳаққиқони кишварҳои гуногун таҳия гардидааст. Аз ишораи муратибон маълум мегардад, ки онҳо аз бозёфтҳои Алиашрафи Содиқӣ ва С.Шаҳобиддинов истифода кардаанд, вале бозёфтҳои Сипонлу ва баъзе дигарҳо аз назарашон афтодааст. Аз ин рӯ, ҳоло наметавон матни девони мазкурро комил шуморид.

Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ҳамчунин «Ашъори мунтахаби Рӯдакӣ»-ро барои мактабиён дар силсилаи «Китобхонаи мактаб»-и нашриёти «Маориф ва фарҳанг» нашр намуданд. Силсила мақолаҳои Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Нашрҳои осори бозмондаи устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон», «Андешаҳо атрофи матншиносии ашъори бозмондаи Рӯдакӣ ва тасҳеҳи он», «Сарчашмаҳои қаламии қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва ғ. ҳадафмандона навишта шудаанд.

Ба муносибати ҷашни мазкур ду туҳфаи зебо – китоби мусаввари «Шеърҳо»-и Рӯдакӣ бо сифати хеле хуб ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуданд, ки барои тарғиби осори шоир судманданд. Ҳамчунин панду андарзҳои ҳакимонаи Одамушшуаро ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расиданд, арзиши баланди тарбиявӣ доранд. Дар шинохту тарғиби осори шоир тарҷума ва чопи асари И.С. Брагинский «Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ» ва А. Тоҳирҷонов «Рӯдакӣ. Рӯзгор ва осор. Таърихи таҳқиқ» ба забони тоҷикӣ низ асар гузоштанд. Як зумра асарҳои муҳаққиқони тоҷик, ки ба Рӯдакӣ бахшида шудаанд, дар кишварҳои хориҷӣ ҳам интишор ёфтанд. Аз ҷумла, тарҷумаи асари А.Тоҳирҷонов «Рӯдакӣ…»-ро интишороти маъруфи Эрон «Амири Кабир» ду бор ба табъ расонд, «Андарзномаи Рӯдакӣ» дар интишороти ЭКО-и Эрон, «Перомуни Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон» дар интишороти «Илмӣ ва фарҳангӣ»-и Эронбо сифати баланд ба нашр расиданд. Дар нашриёти «Художественная литература»-и Москва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Дурдонаҳои уқёнуси назм» ва «Назми ҳикмат ва муҳаббат» ба забони русӣ интишор ёфтанд, ки бахши умдаи онҳо ба Рӯдакӣ ва осори ӯ бахшида шудаанд.

Дар давраи Истиқлол низ ситоиши Рӯдакӣ дар ашъори шоирон рушд пайдо кард. Адибон суннатҳои С. Улуғзода ва Б. Кимёгаровро, ки бо филми «Қисмати шоир» шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакиро бештар карда буданд, идома дода, барои офаридани симои шоир саъй намуданд. Аз ҷумла, дар романи Равшани Ёрмуҳаммад «Ишқи Рӯдакӣ», драмаи Ғаюр Ашӯри Растагор «Рӯдакӣ дар Самарқанд ё офтоб омад далели офтоб» лаҳзаҳои муҳиму пурмоҷарои рӯзгори шоир тасвир шудаанд.

Ҳоло муҳаққиқон дар муассисаҳои гуногуни илмиву таълимӣ, амсоли Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти таърихи АИ ҶТ, кафедраи таърихи адабиёти донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба Рӯдакишиносӣ машғуланд. Ҳамчунин аз соли 1999 маркази нави ғайридавлатии Бунёди Рӯдакӣ амал мекунад

АМИТ «Ховар»: Тавре мебинем, дар давраи Истиқлол муҳаққиқони тоҷик дар Рӯдакишиносӣ корҳои зиёде анҷом додаанд, вале ба назари мо ин барои шинохти «Одамушшуаро» басанда нест. Ба андешаи Шумо барои таҳқиқу тарғиби ашъору осори шоир чӣ бояд кард?

Мирзо Муллоаҳмад: Мо бояд, пеш аз ҳама, нусхаҳои хаттии китобхонаҳои гуногуни олам, бахусус Ҳиндустону Покистон ва Туркияву Муғулистонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, муҳаққиқонро зарур аст, ки ашъори парешони шоирро ҷамъоварӣ намуда, барои пайдо кардани девони аслии шоир кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамчунин осори боқимондаи шоир бояд ба таври амиқ таҳқиқ шавад, рози бузургии шоир ва мондагории осори ӯ ошкор гардад.

Бо мақсади густариши корҳои ҷамъоварӣ, таҳқиқу тарғиби ашъору осори шоир таъсиси як Маркази илмии байналмилалии Рӯдакишиносӣ зарур аст. Тавре устод Айнӣ таъкид карда буд, Рӯдакӣ мояи ифтихори тоҷикон аст, аз ин рӯ мо бояд дар накӯдошту шинохти ӯ ва нашру тарғиби осораш чизеро дареғ надорем.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво