15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Хадамоти давлатии оташнишониро ифтитоҳ намуданд

33
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод бинои Хадамоти давлатии оташнишониро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо ду ошёна ва тарҳу намои хуб ба ифтихори истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бинои тозабунёди Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо сатҳу сифати баланд мавриди истифода қарор дода шуд. Рафтуомади бемамониати кормандон ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба сохтор ба инобат гирифта шуда, саҳни бино пурра асфалтпӯш гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фаъолият дар бинои мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи барҳаво барои 35 ҷойи нишаст, ошхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаҳои таълимӣ ва мошинсарой бо ҷойгиршавии се нақлиёти оташнишонӣ мебошад. Дар ҳуҷраи алоқа харита ва муҳимтарин воситаҳои алоқа насб карда шудаанд, ки фаъолияти ниҳоди мазкурро дар самти пешгирӣ ва ҳарчӣ зудтар бартараф намудани ҳолатҳои сӯхтор беҳбудӣ мебахшад. Феълан дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар баробари мавҷудияти таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ 2 адад воситаи нақлиёти дар ҳолати хуб фаъолияткунанда мавҷуд мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам хубтар роҳандозӣ намудани фаъолияти корӣ ба кормандони Хадамот як адад воситаи нақлиёти оташнишонии ҳозиразамон тақдим намуданд.

Дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Файзобод барои пешбурди фаъолияти корӣ беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва андешидани тадбирҳои судманд дар самти беҳбудӣ бахшидани кори соҳа изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки дар ҳама вазъу ҳолат ба нафъи миллату ҷомеа хизмати содиқонаву софдилона мекунанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво