Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба иди Наврӯз![]() ![]() Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиум меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, олимон ва адибону шоирони ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза менамоянд. Дар назар аст, ки дар симпозиум дар баробари ҷаласаи ифтитоҳӣ (пленарӣ), ҳамчунин масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи Наврӯз; суннатҳои фарҳангии Наврӯз ва аҳамияти онҳо дар ҷаҳони муосир; бозтоби масоили Наврӯз дар адабиёти ҷаҳонӣ ва нақши “Роҳи абрешим” дар густариши Наврӯз баррасӣ шаванд. Забонҳои кории симпозиум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд. Шахсоне, ки мехоҳанд дар симпозиум маърӯза намоянд, матни электронии мақолаи худро аз рӯйи бахшҳои мазкур тавассути почтаи электронии rakesh-23@mail.ru ирсол намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули мақолаҳо то 10-уми марти соли 2016 мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |