19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Синамо»- тарғибгари филмҳои гуногунжанри миллӣ

1321
«Синамо»- тарғибгари филмҳои гуногунжанри миллӣ
-Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфта, бо навтарин технологияи сабт, танзим ва пахши барномаҳо таъмин мебошад. Пахши барномаҳои телевизиони «Синамо» рақамӣ буда, формати он HD (16х9. 1280х720) мебошад ва 54,14% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тамошо карда метавонанд.
Ҳадаф аз таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», пеш аз ҳама, таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино, гузаронидани кинофестивалҳо, иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии кинематографистон ва тайёр намудани мутахассисони соҳа мебошад. Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ҳамчунин барои рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ чорабиниҳои мушаххасро амалӣ хоҳал гардонд. Ҷалби васеи табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ барои иштироки фаъолонаи онҳо дар тамошои филмҳо аз тариқи телевизион ва кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пахши филмҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат аз ҷумлаи мақсадҳое мебошанд, ки Муассисаи давлатии «Синамо» дар назди худ қарор додааст.
Дар телевизиони «Синамо» чор шуъбаи эҷодӣ-шуъбаи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, шуъбаи филмҳои миллӣ, шуъбаи филмҳои тасвирӣ, шуъбаи филмҳои хориҷӣ ва дубляж таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои оинномавии ин телевизион таҳия ва дубляжи филмҳои гуногунжанр аст ва дар барномаи пахши барномаҳо низ ба ин самти фаъолияти муассиса афзалият дода шудааст. Вале бо вуҷуди ин, рубрикаҳои гуногун омода гардида истодаанд, ки ҳамчун гузариш дар байни филмҳо пахш хоҳанд шуд.
Ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои мукаммали телевизионӣ ба нақша гирифта, амалӣ шуда истодаанд. «Синамои тоҷик», «Пештози ҳунар», «Ахтарони ҳунар», «Ситораҳои синамо», «Кишвари ман», «Панҷгонаи беҳтарин», «Руинтан», «Закӣ» ва «Зина ба зина» аз ҷумлаи онҳоянд.
Телевизиони «Синамо» аз имрӯз, якуми март ба пахши барномаҳои худ шуруъ мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво