25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Душанбе — мизбони ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин

389
Имрӯз, 17 сентябр, соати 14:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласа 11 масъала, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти номгузории ҷуғрофӣ ва мубрамсозии бюллеттени электронии тағйирдиҳии номҳои ҷуғрофӣ дар ИДМ, фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳа дар бораи инфрасохтори маълумоти фаромиллӣ, фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар самти коркарди «Луғати истилоҳҳои муосир, ки дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва системаи маълумоти ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин истифода мешаванд», фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар самти коркарди пешниҳод дар хусуси сертификатонӣ ва қонунигардонии фаъолият дар бозори меҳнати соҳавӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҳуҷҷатгузорӣ оид ба такмили ихтисос дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин дар давраи то ин ҷаласа, интихоби раиси Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин барои давраи соли 2020 ва дигар масъалаҳои марбут ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, намояндагони ҳайатҳои расмӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво