29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳаи Дашти Қозии Панҷакент Маркази саломатӣ бунёд гардид, ки ба 7 ҳазор нафар сокинон хизмати тиббӣ мерасонад

440
Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар ҳудуди шаҳру навоҳии Панҷакент созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, то соли 2021 405 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд.

Аз ҷумла, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони коргоҳҳои саноатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони хатҳои муҳандисӣ, чароғонкунӣ ва асфалтпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳо, сохтмони толорҳои варзишию ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати дурбинонаи худ ҳамеша аҳли ҷомеаро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои милллат 12 майи соли 2018 зимни суханронии худ дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи мамлакат чунин зикр намуда буданд: «Давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад».

Дар заминаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат 11 сентябри соли равон дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар карда, биноҳои маркази саломатӣ, дармонгоҳи дандонпизишкӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, муассисаи томактабии хусусӣ ва майдончаи варзиширо мавриди истифодаи умум қарор дод.

Ба иттилои манбаъ, Раиси вилоят дар деҳаи Ёрӣ дармонгоҳи дандонпизишкӣ ва дар деҳаи Дашти Қозӣ бинои маркази саломатиро мавриди истифода қарор дод.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону навсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи тандурустӣ идома дошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ сол аз сол беҳтар мегардад.

«Дармонгоҳи дандонпизишкӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуда, дар истифодаи умум қарор гирифт. Минбаъд сокинони маҳал метавонанд бидуни харҷи зиёдатӣ ва дар ҷойи истиқомати худ аз хизматрасониҳои он истифода баранд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Маркази саломатии деҳаи Дашти Қозӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷра барои гузаронидани хатна, ҳуҷраи таваллуд ва пас аз таваллуд, ташхисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилои масъулини шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалини тиббию санитарии шаҳри Панҷакент, бо бунёди марказ имкон фароҳам оварда шуд, ки қариб ба 7 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ хизматрасониҳои тиббӣ расонида шавад.

Инчунин Раиси вилояти Суғд зимни сафари худ дар деҳаи Ёрӣ коргоҳи дӯзандагиро ифтитоҳ намуд.

Коргоҳи дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Зарина Суннатиллоева дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар он 13 нафар бонувон бо ҷойи кор таъмин гардида, минбаъд дар асоси фармоишот ба дӯхтану омодасозии либосҳои гуногун машғул хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 405 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла соли 2019 139 иншоот ба истифода дода мешаванд, ки дар ин замина садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт.

Раиси вилоят аз роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ёрӣ, ки бо ташаббуси соҳибкор Зокир Шарипов мумфарш шудааст, боздид кард. Роҳи мазкурро соҳибкор аз ҳисоби пасандозҳои худ бо харҷи 400​ ҳазор сомонӣ ва ба дарозии 900 метр мумфарш кардааст.

Инчунин дар деҳаи мазкур муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода шуд.

Зикр гардид, ки дар партави дастгириҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат роҳбарияти вилоят ба масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соҳибкоронеро, ки дар бунёди кӯдакистонҳо иқдом мегиранд, дастгирӣ менамояд.

Муассисаи томактабии хусусии деҳаи Ёрӣ аз тарафи соҳибкор Афсаҳиддин Файзиев сохта шуда, дорои 100 ҷой мебошад. Ба иттилои масъулин, бо ифтитоҳи иншоот 20 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.


Дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд майдончаи варзиширо ба истифода дод.

Майдончаи мазкур дар доираи иқдоми «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Умаралӣ Зиёев сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ моҳи марти соли равон оғоз ёфта, барои бунёди иншоот 200 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Соҳибкор ҳамзамон нақша дорад, ки дар шафати майдонча толори варзишӣ бунёд намояд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф буда, дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хосса ва таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад.
Ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гашт. Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати ҷаҳонии мероси фарҳангӣ ворид гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли зиёи мамлакат, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Метавон гуфт, ки бунёди чунин иншоот имконият медиҳад, ки дар се соли оянда аксарияти мушкилоти маҳалҳо ҳал шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд ва симои шаҳр дигаргун шавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво