20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷашни 30-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои беназир таҷлил мекунанд

370
Ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ гузориш медиҳад.

Ҳар боре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ менамоянд, дар мулоқот бо мардум таъкид мекунанд, ки «Ватанро дар сухан не, балки сидқан, аз самими қалб дӯст дорему дар ободии он саҳм гузорем». Дар ин робита, мисраи машҳури шоири ватансаро Ҳабиб Юсуфӣ ба хотир меояд, ки бояд шиори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гардад: «Ман Ватанро беш аз ҳар вақта дорам дӯсттар».

Воқеан ҳам, мо бояд бо анҷоми корҳои наҷиб дар амал собит созем, ки Тоҷикистон –Ватани аҷдодии худро воқеан ҳам дӯст медорем ва дар шукуфоии он саҳм мегузорем.

Хушбахтона, бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат рӯз то рӯз сафи соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор, ки саховатмандӣ пеша карда, даст ба корҳои созандагию ободкорӣ мезананд, меафзояд.

Соҳибкори муваффақ, сокини деҳаи Поҷеи Поёни ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов яке аз онҳоест, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуд.

Муҳиб Бобоҷонов бо кумаки фарзандонаш, ки дар Федератсияи Россия ба тиҷорат машғуланд, на танҳо дар деҳаи Поҷеи Поён, балки дар корҳои ободониву созандагии дигар деҳаҳои ноҳия низ саҳм гузоштааст. Мумфарш намудани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он ба маблағи 1 миллиону 520 ҳазор сомонӣ, кашидани хати баландшиддати барқ ба масофаи 3,5 километр бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 171 ҳазор сомонӣ, кандани чоҳи амудӣ ба маблағи 323 ҳазор сомонӣ, бунёди канал дар масофаи 3 километр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 95 ҳазор сомонӣ, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ва пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ намунае аз ин амалҳои хайри ӯ мебошанд.

Кашидани хати оби нӯшокӣ тавассути қубури қутраш 50- миллиметра ба масофаи 10 километр ба маблағи 333 ҳазор сомонӣ, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Кишинбоғ бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни деҳоти «Оби Меҳнат» ба маб­лағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маб­лағи 950 ҳазор сомонӣ, мумфарш намудани роҳи байналмилалӣ дар ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва роҳи байни шаҳракҳои Ғарм — Навобод бо харҷи 2 миллиону 375 ҳазор сомонӣ, инчунин мумфарш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳои дигаре мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш дар якуним сол ба анҷом расондаанд.

Ба ғайр аз ин, Муҳиб Бобоҷонов ҳамроҳи фарзандонаш ҳар сол ба садҳо оилаи бекасу маъюб ва камбизоат ёрии пуливу молӣ мерасонад.

Бояд хотиррасон намуд, ки ин соҳибкор ҳамчунин болопӯши бинои хона-интернати шаҳри Ҳисорро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ таъмир намуда, 600 ҷуфт пойафзол ва ҷӯроб барои беморони беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ, 30 ҷуфт болопӯш ба маблағи 7500 сомонӣ барои беморхонаи касалиҳои рӯҳии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт харидорӣ намуда, хатнасури 180 нафар кӯдаки ятиму оилаҳои камбизоати маҳаллаи 104 — уми шаҳри Душанберо гузаронида, онҳоро бо сару либос таъмин намуда, ба хонандагони мактаб — интернат барои кӯдакони ятими шаҳраки Навобод низ 95 ҷуфт либоси гарм туҳфа намудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар қатори Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони бонангу номусаш дигар соҳибкорони саховатпешаи ноҳия Рашт, аз қабили Ёрибек, Ҷонибек ва Маҳмадсафо Лоиқовҳо, Резвоншо, Асомиддин, Раҳматшо, Сироҷиддин ва Садриддин Шоевҳо, Ғаюр Ҷурабеков, Ватан Фарозов, Сияршо Ҷабборов, Қамар Идиев ва чандеи дигар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҷавонмардию саховатмандӣ дар ободонии диёр ва ҳалли мушкилоти сокинони ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.

Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе низ ин раванд ба ҳукми анъана даромадааст. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори ватанӣ Изатулло Давлатов дар бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе саҳм гузошт. Ин муассисаи таълимӣ дар маҷмӯъ барои 1280 нафар хонанда бо таълим дар як баст пешбинӣ шудааст. Мактаби нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, шумораи умумии синфхонаҳои он ба 32 адад мерасад. Утоқҳои роҳбарият ва омӯзгорон, инчунин синфхонаҳои фаннӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунар барои духтарону писарон, кабинетҳои лингофонӣ, маҷлисгоҳ бо 144 ҷойи нишаст, ошхона бо 80 ҷойи нишаст ва утоқи либосовезии хонандагону омӯзгорон бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Амалҳои шоистаи соҳибкори дигар аз деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод Давлатбек Давлатов лоиқи ёдоварист. Номбурда таъмиру навсозии бозори «Истиқлол» -и ноҳияро ба анҷом расонд. Ин бозор солҳои тӯлонӣ дар ҳолати валангор қарор дошт. Соҳибкор онро таъмир карда, ба бозори замонавӣ табдил дод. Д.Давлатов дар бозор ду чойхона, ду дорухона, панҷ мағоза ва меҳмонхона барои бист нафарро бо шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Номбурда пайваста ба оилаҳои камбизоат, пирони барҷомонда ва собиқадорони ҷангу меҳнат дасти кумак дароз мекунад.

Д.Давлатов дар арафаи соли нави хониш хонандагон аз оилаҳои камбизоатро бо асбоби хониш ва либосу пойафзол таъмин намуд.

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон низ сафи чунин нафарони саховатпеша, ки дар рушди маҳал саҳм мегузоранд, меафзояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ин ташаббусҳои соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

Соҳибкорони ватандӯсти деҳоти Деҳқонободи ин ноҳия — Суннатулло Маҳмадшоев ва Умаралӣ Амонов бо сарфи 540 ҳазор сомонӣ маркази савдо, тарабхона, мағозаи тиҷоратӣ, дорухонаву сартарошхона ба истифода доданд.

Соҳибкори дигари саховатпеша Файзалӣ Тӯраев дар деҳаи Нурободи деҳоти мазкур бо харҷи 501 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохт. Ба ин бунгоҳ кормандони собиқадор ва мутахассисони ҷавон ҷалб шуда, ба сокинони деҳа хидмат мерасонанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Саймуддин Саидов дар деҳоти Ҷиликӯли ноҳия майдончаи варзиши болопӯшидаи замонавӣ барои бозии футболи хурд муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии варзиширо бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ ба истифода дод.

Соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар вилояти Суғд низ барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои наҷибро, ки шоистаи ибрат мебошанд, роҳандозӣ менамоянд. Махсусан имсол дар шаҳри Хуҷанд ин ободкориҳову созандагиҳо ривоҷ ёфтанд. Аз ҷумла, давоми нуҳ моҳи соли равон мутобиқ бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 39 нафар соҳибкорон барои бунёди 42 адад иншоот, аз ҷумла 7 коргоҳи истеҳсолӣ, 12 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 3 адад майдончаи варзишӣ, 1 адад боғчаи бачагона, 1 адад мактаб, 1 адад тарабхона, 17 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд.

Танҳо давоми нуҳ моҳи соли равон бо ҳамдастии соҳибкорони маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи шаҳрӣ дар ҳудуди маркази вилоят 17 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, маҷмааи меҳмонхонаи «Парламент», бинои истиқоматии 6-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ, кӯдакистон барои 240 нафар ва дар қитъаҳои заминҳои барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 57,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1,8 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ин ҷашни таърихии Ватанро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муассисаҳои хизматрасонию тиббӣ сохта, ба деҳаҳои аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашида хатти об мегузаронанд.

Аз ҷумла, дар шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ як толори варзишӣ навсозӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд. Толори мазкур бо кумаку дастгирии соҳибкор Саламшо Имомназаров, ки Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо харҷи беш аз аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Ин соҳибкори маҳаллӣ гуфт, ки ҳамаи таҷҳизот бо маслиҳату тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш харид ва дар ихтиёри варзишгарон гузошта шуд. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот худи варзишгарон кумак расониданд.

Толори мазкур бо харҷи беш аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Ин ҳама ободкориҳо бори дигар аз миллати тамаддунофар ва созанда будани тоҷикон ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллатамон шаҳодат медиҳанд. Тавре зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» иброз доштанд: «Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати неруманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво