Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Фабрикаи парандапарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
417
11 сенятбри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Саман»-ро, ки дар деҳоти Кӯлоб бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай парвариши 50 ҳазор сар паранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технолологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Масоҳати умумии фабрикаи парандапарварӣ 5,05 гектарро ташкил дода, дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст. Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрикаи парандапарварӣ иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод. Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ ба ҷорӣ намудани чунин технологияи муосири парвариши мурғ дар фабрикаи мазкур баҳои баланд доданд. Дастгоҳу таҷҳизоти фабрикаи мазкур аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ гардида, ба таври автоматӣ идора карда мешавад. Фабрикаи парандапарварӣ дорои як қатор иншооти ёрирасон мебошад, ки аз рӯи лоиҳа бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст. Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ моҳи апрели соли 2018 оғоз ва 11 сентябри соли 2019 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |