29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ширкат намуд

442
Сокинони шаҳри Ҳисор чун мардуми дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ таҷлил намуданд.

Зимни ҷамъомади тантанавие, ки ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хисор доир гардид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода сокинони ин шаҳри бостониро бо ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар роҳи ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар раванди корҳои бунёдкорию ободонӣ дар мамлакат комёбиҳо орзу намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дастовардҳои назаррас, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ мушарраф гардида, дар рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво