23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор Боғи зимистона бунёд гардид

366
Дар шаҳри Ҳисор боғи зимистона, ки дар он гулу буттаҳо ва дарахтони гуногуни ороишию мевадиҳанда шинонида шудаанд, бунёд гардид. Боғи мазкур дорои тарабхона ва маҷмаи фарҳангию фароғатӣ мебошад. Боғи зимистона бо иқдоми яке аз соҳибкорони муваффақи шаҳри Ҳисор Абдураззоқ Саидов бунёд гардида, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳадяи хубест. Бо бунёди боғи зимистона беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бунёди боғи зимистона дар ҳолест, ки бинобар иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисор Изатулло Бобоев, ба ифтихори ҷашни 30-

солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор корҳои бунёдкорӣ босуръат идома доранд.

Ҳоло Ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил гардида, дар он зиёда аз шаст иншооти нав бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бархе аз иншооти ба шарафи ҷашни бузурги давлатӣ бунёдшаванда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Зафар Олимов ва Икром Баҳодуров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инҳо- ду корхонаи паррандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор мурғ дар деҳаи Ҳуснобод, нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Гулханӣ, Маркази саломатӣ, мағоза ва чойхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмир ва шустушӯи нақлиёт дар деҳаи Ҳаёти Нав ва мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошанд.
Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ муассисаи томактабӣ барои 250 нафар кӯдак то ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамоати деҳоти Ҳисор, ки соли 1932 таъсис дода шудааст, дорои 25 деҳа ва 38 ҳазор аҳолӣ буда, сокинони он асосан ба тиҷорат ва кишоварзӣ –обчакорӣ ва боғдорӣ машғуланд.

Дар ҷамоати деҳот се хоҷагии ҷамъиятӣ ва беш аз 180 хоҷагии фермерӣ фаъолият дошта, самти фаъолияташон ба парвариши сабзавот ва пахта нигаронида шудааст. Соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор деҳқонону кишоварзон дар 700 гектар пунбадона кишт намуда, ният доранд аз он ҳосили фаровон рӯёнанд.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво