19 июл 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК! Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз гардид

650
Чун анъана ҳамасола дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватанамон Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз низ дар ҳамаи дабистонҳои мамлакат Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Хабарнигори мо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дошт ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин мактаб шарик гардид.

Ҷамъомади тантанавии ин муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил оғоз гардид.

Сипас, дар саҳни мактаб хонандагону омӯзгорон ҷамъ омаданд ва аз баландгӯяки мактаб шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш» баланд ва мутантан садо дод:

Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!

Тавре ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сабоҳат Сангинова иброз дошт, дар соли нави таҳсил мактаби мазкур дари худро ба рӯи 1800 нафар боз намудааст. Аз ин теъдод 118 нафарашонро хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд.

«Дар муасссисаи мо омӯзгорони ботаҷриба хонандагонро ба ҷараёни таълиму тарбия фаро мегиранд. Онҳо барои соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо рӯҳияи тозаву масъулияти баланд соли хонишро оғоз намуданд»,-изҳор дошт ҷонишини директор.

Ба андешаи мавсуф, баргузории Дарси сулҳ имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд.

Аён гардид, ки тамоми синфхонаҳои муассисаи мазкур таъмир шуда, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса барои омӯзиши дарсҳои забони англисӣ ва русӣ барои хонандагон тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол 220 ҳазор нафар хонанда ба синфи якум қабул гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.

Ин анъана то ба имрӯз идома дорад. Соли равон бо сабаби ба рӯзи истироҳатӣ, яъне якшанбе рост омадани 1 сентябр дар баъзе аз давлатҳо рӯзи дониш 2 сентябр таҷлил мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво