29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Иди каду баргузор мегардад

446
Пагоҳ, 25 август, дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди каду баргузор мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иброз дошт, ҳар сол Иди каду ва харбуза якҷоя ҷашн гирифта мешуд. Имсол бо Амри Президенти мамлакат ва иқдоми навбатӣ идҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар алоҳидагӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Дар ин рӯз кадупарварон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Ҳисор маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешниҳод менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

Мавсуф афзуд, ки дар ин рӯз аз рӯи чор номинатсия- «Хоҷагии кадупарвари беҳтарин», «Беҳтарин хон аз анвои кадугӣ», «Кадуи калонтарин» ва «Намоиши навъҳои хӯрдании кадугӣ» озмун гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин рӯз меҳмонону сокинон метавонанд навъҳои гуногуни кадуро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Хабарнигорони мо пагоҳ аз ҷараёни баргузории Иди каду гузориш омода менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво