29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

368
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи бозрасиии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ки бо тарҳи хоса дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Дар ошёнаи якуми бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюми он панҷ ва дар ошёнаи сеюм се утоқи корӣ, толори маҷлис ва хобгоҳ ҷойгир мебошад. Дар таҳхонаи бинои мазкур бошад, хазина, ду утоқи корӣ ва толори варзишӣ барои кормандон, ҷойгир аст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо сифати баланд, бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар доираи истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кормандони соҳа табрику муборакбод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.

Ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 адад мошини хизматӣ тақдим карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво