19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

326
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамчунин бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ утоқи корӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин бинои шиносномадиҳӣ дорои толори маҷлис бо 35 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ мебошад.

Гирду атрофи иншоотҳои мазкур, бо шинонидани зиёда аз 100 дарахти сояафкан ва 15 ҳазор гулҳои гуногуни мавсимии ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи март оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба анҷом расонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ баҳри мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии сохторҳои Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво