29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ гурӯҳи таблиғотӣ созмон дода шуд

388
Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ ҷашн гирифтани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи мазкур вазифадор гардидааст, ки доир ба моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, арзиш ва дастовардҳои беназири он бо сокинони шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳо гузаронад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба гурӯҳи мазкур муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтор ва ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шомил гардидаанд.

Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ шурӯъ аз 22 август то 4 сентябр бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, кормандони корхонаву муассиса, ташкилоту идора, соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сокинони шаҳраку маҳаллаҳои чор ноҳияи пойтахт мулоқоту суҳбат доир намуда, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои волои озодӣ, ташаккули сохти конститутсионӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ, инчунин дастовардҳои беназири Тоҷикистонро тайи солҳои соҳибихтиёрӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Хотиррасон мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тибқи ин нақша, базмҳои идона дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Майдони 800-солагии Москва»-и ноҳияи Шоҳмансур, майдони хиёбони Сино дар назди Прокуратураи генералӣ, «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ва дигар маконҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

9 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши театришуда баргузор мегардад. Консерти устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассуми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ин барномаро рангину пурмуҳтаво хоҳад гардонд. Ин намоиши театрӣ бо мушакпарронӣ анҷом меёбад.

Ҳамчунин 8 сентябр бахшида ба таҷлили ҷашни мазкур дар чор ноҳияи пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд. «Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ин ҷашни фархунда дар пойтахт баргузории барномаҳои иттилотию маърифатӣ, фарҳангиву фароғатӣ, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони ниёзманд ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ, гӯштини миллӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст»,- афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, дар пойтахт истиқболи ин ҷашн аллакай оғоз ёфта, ба ин муносибат рӯзҳои наздик як зумра иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла биноҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво