20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби «С5+1» иштирок намуд

411
21 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби «С5+1» (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Давид М. Хейл, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингис Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов иштирок намуданд.

Ҷонибҳо перомуни кӯшишҳо барои таҳкими шарокат, дастгирии таҳавуллоти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти амнияти минтақавӣ ва тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Иштирокчиёни нишаст пуштибонии худро аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби қолаби «С5+1» таъкид карда, онро ҳамчун форуми муҳим барои муҳокима ва ҳалли муштараки мушкилоти умумӣ, таҳкими истиқолол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин раванди тадорукотии мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «С5+1» ва чорабиниҳои ҷориро дар қолаби мазкур дар чаҳорчӯби гурӯҳҳои кории масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ матраҳ намуданд.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво