18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тағйирот ба Конститутсия фарзандонро дар парастории волидайн масъул менамояд

982
Тағйирот ба Конститутсия фарзандонро дар парастории волидайн масъул менамояд
Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли равон қабул мегардад, минбаъд на танҳо волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон, балки фарзандони ба балоғат расида барои нигоҳбонии падару модари худ масъул мебошанд. Дар ин робита қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зерин: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд» ифода карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки парасторию нигоҳбонии падару модар, хусусан дар айёми пиронсолӣ аз қадимулайём барои мардуми тоҷик рисолати азалӣ буда, мардуми мо дар мавриди парастории волидайн ҳатто аз дигар мардумони ҷаҳон тафовут доранд. Аммо солҳои охир дар ҷомеаи суннатии кишварамон ҳолатҳое мушоҳида мегарданд, ки бархе аз фарзандон бо вуҷуди доштани шароити мусоиди иҷтимоӣ аз парастории онҳо даст кашида, падар ё модари худро бурда, ба хонаҳои пиронсолон месупоранд, ки ин рафтори зишти онҳо хилофи ҷомеаи суннатии тоҷикон аст.
Дар иртибот ба ин масъала Ҳилолбӣ Қурбонзода- раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки алҳол дар хонаҳои пиронсолони кишвар беш аз 1000 нафар пиронсолони синнашон аз 60 боло аз ҷониби давлат парасторӣ мешаванд, ки аз ин омор 633 нафарро мард ва 384 нафарро занон ташкил медиҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво