29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истифода супурдани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

381
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурӯсти кормандони ин сохтор шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ — утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ду утоқи кории махсус барои ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 3500 дона гулҳои ҳархела ва 40 дарахти ҳамешасабз шинонида шудаанд. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамониат масофаи 200 метр роҳ мумфарш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомӯшкунӣ, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво