25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ифтитоҳ намуданд

350
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳия бо назардошти беҳтар сохтани шароити корӣ барои кормандон сохта шудааст. Масоҳати бинои нав 1200 метри мураббаъ буда, он аз 2 ошёна ва 28 утоқи корӣ иборат мебошад. Бинои мақомоти суд бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд ёфта, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, давоми беш аз як сол бинои замонавӣ бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз 30 то 60 нафар сокинони маҳалӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Фармоишгари бинои мақомоти суд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пастиғав”-и ноҳия ва лоиҳакаш Пажӯҳишгоҳи илмии САНИОСП мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар ин иншоот баҳои баланд дода, кормандони мақомоти судро барои фаъолияти поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси нақшаи генералӣ дар маркази ноҳия- шаҳраки Меҳрон барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии аҳолӣ биноҳои наву замонавӣ ба истифода супорида шуданд ва маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво