20 август 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар маркази ноҳияи Ванҷ муҷассамаи Мулло Ёри Ванҷӣ гузошта шуд

12
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маркази ин ноҳия бахшида ба 190- солагии шоири шаҳири тоҷик Мулло Ёри Ванҷӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози конфронси илмӣ дар пешорӯи Қасри фарҳанги ноҳия маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи шоир бо ширкати олимону шоирон, наздикон ва садҳо тан аз сокинони ноҳия доир гардид.

Мулло Ёри Ванҷӣ зодаи деҳаи Ғумаяки ноҳияи Ванҷ буда, мутаассифона, дар ягон маъхази бадеӣ дар бораи ин шоири тоҷик маълумоти кофӣ дастраси хонандагон нест. Ҳарчанд мероси эҷодии шоир аз ҷиҳати миқдор зиёд нест, аммо маънову мазмуни баланд, инъикоси рӯзгори номусоиди мардум, ҳодисаҳои таърихӣ ва мазаммати амалдорону мансабдорони замон ӯро ба мақоми назаррас расонида буданд.

Мулло Ёри Ванҷӣ ягона шоири замони худ буд, ки бар зидди зулму истибдоди давр овоз баланд карда, аз ҷабри зулми замон рӯ ба фирор овард. Ӯ аввал ба Ҳиндустон рафта, баъд аз он ба Арабистон рӯ овард.

Дар зарфи ду даҳсолаи охир оид ба эҷодиёти ин шоир даҳҳо мақолаҳои илмию бадеӣ дар нашриёт ба табъ расидаанд. Дар бораи он ки Мулло Ёри Ванҷӣ ба ватани аслиаш баргаштааст ё не, маълумоти аниқ вуҷуд надорад.

Олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки барои омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Мулло Ёри Ванҷӣ ба китобхонаҳои кишварҳои Ҳиндустону Арабистон дархост равон намоянд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво