Вазорати фарҳанг: Комиссияи корӣ оид ба риояи талаботи Кодекси одоби хизмати давлатӣ таъсис ёфт
1045
Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси одоби хизмати давлатӣ дар таҳрири нав бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ мулоқоти судманд доир гардид. Ибодулло Машрабов, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба муқаррароти Кодекси одоби хизмати давлатӣ зикр намуд, ки кодекси мазкур маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқию фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум менамоянд, ҳамзамон ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.
Дар вазорат комиссияи корӣ оид ба риояи талаботи Кодекси одоби хизмати давлатӣ таъсис дода шуд. Дар робита ба ин, аз тамоми кормандони соҳа даъват шуд, ки барои баланд бардоштани масъулият ва таъмини иштироки фаъолонаи кормандон дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |