20 август 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита

42
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита
Дирӯз ба истиқболи Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ва Шаҳноз Раҳматуллозода аҳли толорро бо иди касбиашон табрик намуданд. Н.Мирзозода дар баромади худ қайд намуд, ки нуфузу обрӯи сохтмончиёни кишвар ва касби бинокор сол ба сол баланд гардида истодааст, чунки аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор аз ҷониби соҳибони ин касб ба вуҷуд омадаанд. Шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ - мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳову истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва варзишгоҳҳо, хонаҳои замонавӣ ва кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо дастони пурэъҷози шумо-бинокорон бунёд шудаанд.
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита
Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти нави аз ҳар лиҳоз замонавӣ бомаром идома дорад. Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ дар як соли охир бунёди садҳо биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ба анҷом расидааст, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии Ватанамон мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 5 миллиарду 176 миллион сомонӣ сармояи асосӣ истифода шуд. Фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 670 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ 4 миллиарду 326 миллион сомониро ташкил кард.
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ зиёда аз 60 лоиҳаи ангоравии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардид.
Корҳои сохтмону ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони кумита қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардида истодааст.
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита
Асосгузори ҳамаи азнавсозиҳо, ташаббускор ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа шуморида, “сохтмончиёнро ҳамчун васлгарони асрҳою наслҳо номидаанд”.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ҳамасола дар саросари мамлакат бинову иншооти азими замонавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷумла, дар пойтахти Тоҷикистони азизамон - шаҳри Душанбе сохтмони иншооти таъиноташон гуногун бо истифодаи унсурҳои санъати меъмории Шарқу Ғарб васеъ ба роҳ монда шудааст, ки бо ин васила симои пойтахтамон хеле дигаргун, зебо ва боҳашамат гардида истодааст.
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита
Ҳоло барои рушду инкишофи соҳаи меъмориву сохтмон дар мамлакат шароити мусоид фароҳам шуда истодааст. Тавре маълум аст, бунёдкорӣ ва ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобаста мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумат нақшаҳои генералӣ марҳала ба марҳала аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ, кӯчаҳои васеъ ва хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудааст.
Татбиқи амалии ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи имрӯза самараи истиқлолияти давлатӣ ва натиҷаи тадбиру талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари олам мубаддал гардонидаанд.
Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.
Н.Мирзозода изҳор намуд, ки сохтмончиёни мамлакат аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам дар самти боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита
Н.Мирзозода ҳамчунин қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 таҳти №78 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон» таъсис дода шудааст. Вале нахустин шумораи «Рӯзномаи бинокорон» 7 августи соли 2007 дар Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон аз чоп баромад.
Инак 12 сол мешавад, ки рӯзнома ҳамчун минбари биносозони тоҷик бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, таблиғи дастовардҳои даврони Истиқлолият, нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, навгониҳои илму техника баромад мекунад.
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар Кумита
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон собиқадорони соҳа ва кормандоне, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар густариш ва рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ саҳми босазо гузоштаанд, бо «Ифтихорномаи фахрӣ» ва «Сипоснома»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Д.Нурзода,
“Рӯзномаи бинокорон”







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво