19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» баррасӣ гардид

358
Дирӯз дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳи пешакии миёнамуҳлати кумаки техникии омодасозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» семинар баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои меҳнат, маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна ва соҳибкорон ширкат варзиданд. Зимни ҳамоиш Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи мутахассисони баландихтисос мебошад. «Тадбирҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани малакаи касбӣ ва имкониятҳои шуғл», ки идомаи лоиҳаи «Таҳкими таҳсилоти касбӣ ва омодагӣ» мебошад, сатҳи камбизоатӣ, ташаннуҷи бозори меҳнат ва осебпазирии иқтисодии кишварро ба омилҳои беруна коҳиш медиҳад»,-иброз дошт Сумангул Тағойзода. Муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода изҳор дошт, ки лоиҳаи нав аз ҷониби Бонки Осиёи Рушд дастгирӣ ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 онро тасдиқ намуд. Тарҳрезии лоиҳаи мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи идоракунии лоиҳа қарор дошта, барои дар асоси нақша бо сифати баланд амалӣ намудан онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

«Айн замон тарҳрезии лоиҳаи мазкур бо ҷалби мушовирони байналмилаливу маҳаллӣ шурӯъ гардида, татбиқи амалии он соли 2020 дар назар аст. Лоиҳа ба масъалаҳои баланд бардоштани шуғли ҷавонону занон, ҷалб ва дастрасии қисмати осебпазири аҳолӣ ба таҳсилоти касбӣ ва дастгирии муҳоҷирон диққати махсус зоҳир менамояд, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳанд намуд»,-афзуд Эмин Сангинзода.

Э. Сангинзода тазаккур дод, ки дар доираи лоиҳаи нав бунёди 3 Маркази рушди малакаҳо ва шуғл дар шаҳрҳои Душанбе (соҳаи туризм ва хизматрасонӣ), Роғун (соҳаи энергетика) ва ноҳияи Данғара (соҳаи кишоварзӣ) аз 3 маркази муҳоҷират дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст. Дар марказҳои рушди малака ва шуғл мутахассисон вобаста ба талаботи истеҳсолоти кунунӣ тайёр карда мешаванд. Дар марказҳои муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар омода карда мешаванд.

Зикр гардид, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, шиддатнокӣ дар бозори меҳнат ва кам намудани осебпазирии иқттисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои беруна мусодат хоҳад намуд.

Бояд зикр намуд, ки ба ин масъалаҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 афзалиятҳо дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии мамлакатро яке аз самтҳои стратегии тараққиёти давлат муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо яке аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф мебошад.

Тадбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии мамлакат, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо мусоидат хоҳад кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво