30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд

370
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд.

Сипас Сарвари давлат бо ворид шудан ба толор бо ҷараёни машқу тамрини варзишгарони риштаи дзюдои ноҳия дар шароити мусоид шинос шуданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, дар муҳлати беш аз 2 сол бо ҷалби қариб 50 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расиданд. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои толори машқу тамрин бо масоҳати 690 метри мураббаъ, утоқҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва дигар шароити тамрин мебошад. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Неъматулло» бо тарҳи нав таҳия гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки солҳои қаблӣ, новобаста аз мавҷуд набудани шароити хуби машқу тамрин варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, шарафи Точикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардоштанд. Айни замон шумораи варзишгарони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 170 нафарро ташкил медиҳад ва қисме аз онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, ҷумхуриявию байналмилалӣ иштирок варзида, соҳиби медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 3 маротиба аз намудҳои дзюдо ва дастхобонӣ ширкат намудани варзишгарони ҷавону навраси ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат аз таваҷҷуҳи бештари сокинони ноҳия ба тарзи ҳаёти солим ва саҳм гузоштан дар рушду равнақи ин соҳа дарак медиҳад.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин толори варзишии замонавӣ дар ноҳияи Балҷувон 3 нафар устоди варзиш ба кор ҷалб шуданд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Мавриди таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вукӯъ пайвастанд, ки намунаи беҳтарини онҳо ин толори тозабунёди варзишии замонавӣ мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво