25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

330
Субҳи 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гунногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтар гардид.

Истиқболи самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво