20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 13- ошёна ва марказҳои хизматрасониро дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

370
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар хиёбони Рӯдакӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири истиқоматӣ аз 13 ошёна иборат буда, аз рӯи тарҳ дар қабати якум ва таҳхонаи он тарабхонаи барҳаво бо 150 ҷои нишаст, нуқтаҳои муосири фурӯши сару либоси мактабӣ, мардона ва кӯдакона, мебел, маводи конселярӣ ва рӯзгор, ошхона, мағозаҳои қаннодӣ ва хӯрокӣ, дар маҷмӯъ 20 маркази хизматрасонию тиҷоратӣ ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо таъсиси 40 ҷои корӣ сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо дорои шароити арзандаи корӣ ва хизматрасонӣ мебошанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар ошёнаи якум, бозори барҳаво дар таҳхона, анҷоми корҳои сохтмонии дигар биноҳои истиқоматию марказҳои хизматрасонӣ қариб 1 ҳазору 500 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар таҳхонаи бинои истиқоматӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрокӣ бозори васеъ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда соҳибкорон ва сокинони шаҳри Ваҳдат имкон доранд маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва дигар маводи рӯзгорро ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон бо нархҳои арзону дастрас пешниҳод намоянд.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо назардошти нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои роҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин восита боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати ҳама намуди хизматрасониҳо ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода бунёд шудааст.

Барои таъмини занону духтарон бо ҷойи нави корӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши касби дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ ва қонеъ кардани талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат бо либосҳои мактабӣ дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонӣ ҳамзамон коргоҳи дӯзандагӣ ва нуқтаи фурӯши либосҳои мактабӣ сохта шудааст.

Дар ҳаминҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мавҷудаи марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Мавриди таъкид аст, ки бунёду барқарорсозии корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2014 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар шафати бинои нави истиқоматӣ корхонаи дӯзандагӣ ба кор андохта шуд, ки айни ҳол дар он 120 нафар занону духтарони хонашин фаъолият дошта, аз рӯи дархост ба дӯхти сарулибоси ҳарбӣ машғуланд.

Хотиррасон менамоем, ки санги асоси ин бинои истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ соли 2014 зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат гузошта шуда буд.

Дар ин муддат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 80 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла семент аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъияти маҳдуди «Ёқут 2000» истифода гардид.

Дар тарабхонаи навбунёди бино бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирӣ ва кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа хатнасури 100 нафар кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба кӯдакони хуштолеъ аз номи Пешвои миллат туҳфаҳову шириниҳо тақдим карда шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кӯдакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоиста амалӣ менамоянд, то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд».

Бинои муосири истиқоматӣ дар масоҳати умумии 25 ҳазору 571 метри мураббаъ қомат афрохта, аз 297 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат шахсони ниёзманди ҷомеа, кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша дастгирӣ ёфта, барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагонӣ ва болидарӯҳии онҳо тадбирҳои шоистаи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муосири истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониро ба сокинон табрику таҳният гуфта, дар ҳаминҷо ба 10 оилаи ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ супориданд. Ҳамаи манзилҳои истиқоматие, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда шуд, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу номуси Ватан барои бо дастовардҳои беназир истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар Ватан вусъат медиҳанд.

Айни ҳол бо саҳми соҳибкор дар соҳили рӯди Кофарниҳон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо назардошти таваққуфгоҳ, ҷой барои бозии кӯдакону наврасон, марказҳои хизматрасонӣ, гулгаштҳо ва дигар иншооти зарурӣ бо суръат ва сифати баланд идома дорад.

Оянда бо бунёду навсозии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боғу гулгашт ва марказҳои муосири хизматрасонӣ инҷо ба макони истироҳату фароғат табдил хоҳад ёфт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво