30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

60-солагии азхудкунии дашти Дилварзин

2154
Бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 60-солагии азхудкунии дашти Дилварзин (ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Мастчоҳ) дар китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат бо иштироки адибон, олимон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои маркази ноҳия конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Мастчоҳ: Аз дирӯзи дашт то имрӯзи Бӯстон» баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Дилшод Зокиров зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси имрӯза шинос кардани насли ҷавон бо заҳмати фидокоронаи падарону бобоён аст, ки аз диёри файзбахши Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти лабташнаву сӯзони Дилварзин омада, онро зархезу гулистон кардаанд. Мавсуф афзуд, ки махсусан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ авҷ гирифта, иншооти наву замонавӣ бунёд гардиданд. Имсол низ тибқи нақша дар маркази ноҳия — шаҳраки Бӯстон муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд ёфта, боғи истироҳатӣ, фаввораҳои шаҳрак ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд, ки бешак самари истиқлолияти давлатӣ мебошанд. М. Баҳодурзода, намояндаи МИҲД-и ноҳия хабар дод, ки дар моҳи март дар ҳудуди ноҳия 60-солагии азхудкунии дашти Дилварзин ҷашн гирифта мешавад. Маликнеъмат Неъматзода, сардори маҳфили адабии «Зарафшон» ва шоири шинохта дар мавзӯи «Мастчоҳ ва мастчоҳиён дар ашъори шоирони тоҷик» маъруза карда, аз ҷумла зикр намуд, ки меҳнати фидокорона ва зарбдори мардуми Мастчоҳ дар ашъори аксар шоирони машҳури тоҷик — Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ васф гардидааст. Фазлиддин Убайдов, номзади илмҳои филологӣ ва олими забоншинос гуфт, ки қисми зиёди калимаҳои осори гузашта дар лаҳҷаи мастчоҳиён маҳфуз мондаанд, ки далели таърихи ниҳоят куҳан доштани мардуми ин сарзамин мебошад. Ҳамчунин М. Умарзода, раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонҳои ҷаҳон «Пайванд» дар вилояти Суғд, шоирон А. Хуҷаста ва М. Гулов дар тақвияти гуфтаҳои дигарон зикр намуданд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ симои ноҳия сол то сол дигар гашта, Дилварзини дирӯза ба гӯшаи зебоманзар ва хушбоду ҳавои Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво