20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар минтақаи Кӯлоб баҳри пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиӣ соҳилҳоро мустаҳкам менамоянд

365
Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои давраи тирамоҳу зимистон ва таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаш моҳи соли равон 88055 гектарро обёрӣ намуд. Дар ин бора сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар ин давра баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои хизмати обрасонӣ ба маблағи 3 млн 80 ҳазору 500 сомонӣ ҳолати мелиоративии заминҳо дар минтақа беҳтар карда шудааст.

Инчунин дар масофаи 141 км тоза намудани шабакаҳои обрасонӣ, дар масофаи 74,3 км тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ба анҷом расонида шуда, 52 адад иншооти гидротехникӣ ва 84 адад дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Зикр гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиӣ дар мавзеъҳои хавфдошта ба тариқи ҳашар дар шаҳри Кӯлоб ноҳияҳои Ховалинг, Темурмалик, Восеъ, Муъминобод, Балҷувон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Масъулин нақша доранд, ки рӯзҳои наздик корҳои мустаҳкам намудани соҳилҳоро ба анҷом расонанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво