Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мо дархост ирсол намуданд. Ин нуктаро имрӯз, 24 июл Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода баён дошт.
Зикр шуд, ки ҳолатҳое ҳастанд, ки баъзе шаҳрвандони мо дар тӯю маъракаҳо худнамоӣ мекунанд.
«Ин, албатта, табиати инсонӣ буда, дар дигар мамлакатҳо низ ба назар мерасад. Шаҳрвандон дар маросим мабағҳои ҳангуфт сарф мекунанд, то он як ё ду рӯз миёни мардум овоза шавад. Ҷойи пинҳонӣ ҳам нест, масалан танҳо дар Қиғизистон сокинон маъракаҳои серхарҷ доир мекунанд», — афзуд Раиси кумита.
Сулаймон Давлатзода афзуд, ки аз ин хотир, аз ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои омӯхтани таҷрибаи қонуни танзим ба мо дархост ворид гардидааст.
Зимнан, тавре нимаи аввали моҳи апрели соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, баъзе бахшҳои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунгузории Афғонистон ворид карда шуданд.
Он замон АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод-маркази маъмурии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умед Назаров навишта буд: «Таъсири ҷанбаҳои мусбати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зеҳнияти кормандони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба дараҷае боло рафтааст, ки 5 апрели соли 2018 дар ВАО-и ин кишвар дар бораи аз ҷониби Парлумон ва ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қабул шудани «Қонуни маросими арӯсӣ» ба таври васеъ инъикос ёфт.
Таҳлил нишон медиҳад, ки Қонуни мазкур дар пайравӣ аз Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, гуфта буданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».
Тавре Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иброз дошт: «Қонуни танзим ба хотири пешгирии зиёдаравӣ қабул гардида, натиҷаҳои назаррас низ дар пай гузошт. Вале, мутаассифона, боз нафароне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита меъёрҳои қонунро риоя накунанд».
Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 375 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра аз тарафи судҳо 368 адад парванда баррасӣ гардиданд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки нишондиҳандаҳои хуби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки расидан ба он ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, имкон дод, ки сатҳи некӯаҳволии мардум ба андозаи муайян боло равад.
«Баъзеҳо чунин сару садо бароварданд, ки баъди танзим хароҷоти маъракаҳо боло рафт. Вале дигар тарафи масъаларо бояд дид, ки сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст. Ҳар кас метавонад мисоли инро дар зиндагии худ қиёс кунад», — илова намуд Сулаймон Давлатзода.
Ду сол қабл, 11 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот анҷом дода, аз ҷумла гуфтанд: «Қонуни мазкур, ҳамчунин боиси болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо гардида, муносибати мардумро ба маросиму маъракаҳо дигаргун сохт.
Масалан, дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Яъне ин маблағҳо ба фоидаи мардум ва афзоиши даромади буҷети оилаи онҳо мусоидат намудаанд».
Хулоса, таваҷҷуҳ зоҳир намудани мамлакатҳои ба мо дӯст дар самти омӯзиши таҷрибаи қонуни танзим аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур дурбинона буда, дар хориҷи мамлакат низ мавриди эътироф қарор гирифтааст.