20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.

617
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти худ дар нимсолаи якуми соли 2019 нишасти матбуотӣ доир намуд. Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол зимни ҳисоботи худ ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи соли 2019 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 5 миллиарду 176 миллиону 200 ҳазор сомонӣ истифода шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Моҳҳои январ-июни соли 2019 фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 670 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 4 миллиарду 326 миллион сомониро ташкил дод.
Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 5290 ҷойи талаба, дармонгоҳ барои 295 қабул дар як баст ва беморхона барои 12 кат ба истифода дода шуданд.Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ба иттилоъи Раиси Кумита айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 58 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 14423517,0 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 112,5 фоизи ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил намуд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 241 854 ҳазор сомонӣ кам карда шуд, ки аз он ҷумла аз ҳисоби буҷетӣ давлатӣ ба маблағи 223 481 ҳазор сомонӣ, грант ба маблағи 5 369 ҳазор сомонӣ сомонӣ, сармоя ба маблағи 4 476 ҳазор сомонӣ сомонӣ ва худмаблағгузор ба маблағи 8 528 ҳазор сомонӣ, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлкунӣ ба ҳамин маблағ арзон гардид.
Тибқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-ҷустуҷӯӣ лоиҳаи ҳуҷҷатҳои «Дастурамали вазифавии кормандони муҳандиси техникии соҳаи сохтмон» ва «Қоидаҳои муоинаи ҳолати техникии бино ва иншоот» омода карда шуда, дар баррасии аъзоёни Шӯрои илмию техникии Кумита қарор дорад.
Дар ин давра меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонии зерин дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуданд:
1. МҚШ ҶТ 30-02- 2018 -Пешбурди феҳрист ва бақайдгирии кадастри давлатии шаҳрсозӣ”.
2. МҚШ ҶТ 30-03-2018 “Кадастри давлатии шаҳрсозӣ. Тартиби минтақабандӣ ва ҷорӣ кардани низоми рушди шаҳрсозӣ ва истифодаи ҳудуд”.
3. МҚШ ҶТ 30- 06-2018 “Тартиби пешбурди харитаи назоратии кадастри маҳалҳои аҳолинишин ва марзҳои маъмурӣ”.
4. МҚШ ҶТ 30- 07-2018 “Ҳайат, таркиб, тартиби созмон додан ва пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ.
5. МҚС ҶТ 22-07-2018 “Сохтмони зилзилатобовар”.
6. МҚС ҶТ 21-01- 2018 “Бехатарии биноҳо ва иншоот аз сӯхтор”.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ таҳияи «Маҷмӯаи ҳарсемоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои асосии сохтмон», Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ ва индексҳои ҷории бозҳисобкунии арзиши корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ, васлгарӣ ва бакорандозӣ барои семоҳаи якум, дуюм ва сеюми соли 2019 омода ва ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод гардид.
Кумита дар асоси Нақшаи корӣ барои соли 2019 бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаи 27 феврали соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, 14 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе, 5 апрели соли 2019 дар ноҳияи Нуробод, 25 апрели соли 2019 дар ноҳияи Шаҳритуз, 28 майи соли 2019 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 13 июни соли 2019 дар шаҳри Истаравшан ва 14 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинар-машварат дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” бо иштироки муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳбарони мақомотҳои маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ташкилотҳои минтақавии лоиҳакашӣ, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисии шаҳру ноҳияҳои зикршуда, роҳбарону кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд. Баргузории чунин семинар-машварат дар моҳи августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
Аз натиҷаи семинар-машваратҳо барои ислоҳ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда ирсол карда шуд ва иҷроиши он таҳти назорат қарор дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.
Дар ин давра 22 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмуъ 230 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбати ҳар як лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид. Аз 230 лоиҳаи баррасигардида, 167 лоиҳа бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.
Дар баробари ин ба 63 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо Фармоиши Раиси Кумита аз 20 марти соли 2019, №29/ф Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он раёсату шуъбаҳои масъули дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳо ташкил ва баргузор намудани Озмуни кушод байни корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаҳои рушди инфрасохтори деҳот ва дар соли равон ташкил ва баргузор намудани Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инфрасохтори рушди деҳот ва сайёҳӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумии дар соҳаи сохтмон истифодашаванда ва масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва банди 9 протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №2к/39-24 аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ зиёда аз 60 адад лоиҳаҳои ангоравии иншоотҳои муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардида, айни замон дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj барои корбарӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин, лоиҳаи кории иншоотҳои зикршуда аз ташхиси давлатии лоиҳаҳо гузаронида шуда, ба муроҷиаткунандагон ройгон пешниҳод шуда истодааст.
Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
Корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншоотҳое, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд зери назорати мутахассисони Кумита қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, дар шаҳри Душанбе, дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба масоҳати умумии 404 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Кумита вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмӯаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт чораҷӯӣ намуда истода, айни замон, таҳияи лоиҳаи кории биноҳои нави Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои лоиҳакашии ҶСК “Саноатсоз” ва ҶСК “Шаҳрофар”-и Кумита дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои лоиҳакашии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 Комиссияи кории Кумита оид ба ҳалли фаврии масъалаҳои техникии НБО “Роғун” ҷиҳати иҷрои супоришҳои Шӯрои нозирон, Ситоди ҷумҳуриявӣ, иҷроиши Нақшаи тақвимии бакорандозии иқтидорҳои нерӯгоҳ чораҳои зарурӣ андешида, масъалаҳои техникии иншоотро саривақт ҳаллу фасл намуд.
Мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати назорати техникии ҶСК “НБО Роғун” дар нимсолаи якуми соли 2019, дар асоси нақшаи корӣ оид ба сифати корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоотҳои НБО “Роғун” 239 санҷиш гузаронида, 207 камбудиҳоро ошкор намуданд. Барои ислоҳи камбудию нуқсонҳои ошкоргардида ба масъулини сохтмон 66 амрнома дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар иншооти “НБО Роғун” мувофиқ ба супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин кардани нерӯгоҳ, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ, масъалаҳои техникии иншоот ва дархостҳои ташкилотҳои дар “НБО Роғун” фаъолиятдошта ҳаллу фасл гардида истодаанд. Дар асоси муроҷиатҳои ҶСК «НБО Роғун» таҳияи меъёрҳои унсурии харҷномавии ҷудогона барои иҷрои корҳои алоҳида дар иншооти «НБО Роғун» омода шуда истодааст, гуфт Раиси Кумита.
Нишасти матбуотӣ чун анъана бо посухи Раис ва шахсони масъули Кумита ба саволҳои сершумори хабарнигорон анҷом пазируфт.
Хабарнигори "Рӯзномаи бинокорон"




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво