18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи 20 коргоҳ ба истиқболи ҷашни Истиқлолият

1097
Соли равон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 20 коргоҳи саноатӣ дар назар аст. Аз ин шумора 5 коргоҳ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз ифтитоҳ мешавад. Дар умум бо ба истифодадиҳии ин шумора коргоҳ беш аз 450 ҷои нави корӣ ба вуҷуд меояд.
Ин нукта дирӯз зимни баргузории ҷаласаи корӣ аз ҷониби шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баён гашт.
Тавре ки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Биволида Самадова иттилоъ дод, дар ҷаласаи корӣ, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳрӣ, муовинони шаҳрдор баргузор гардид, якчанд масъалаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла ҷамъоварии маблағи андоз, омодагӣ ба истиболи ҷашнҳои Наврӯз ва Истиқлолияти кишвар, сохтмони коргоҳҳо ва ҳамчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ аз ҷониби раиси шаҳр мавриди пурсиш қарор гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки барои сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат минбаъд моҳе як маротиба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мавриди баррасиву таҳлил қарор хоҳанд гирифт.
Роҷеъ ба масъалаи вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва оид ба содироти маҳсулоти саноатӣ, раиси шаҳр ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ супориш дод, ки новобаста аз вазъи ба амаломада нисбат ба баланд бардоштани истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд.
Доир ба омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз зикр гардид, ки чорабиниҳои асосӣ бо иштироки меҳмонони воломақом маҳз дар маркази вилоят баргузор гашта, дар доираи корҳои омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар қаламрави шаҳр корҳои созандагию ободонӣ бояд вусъати тоза гиранд. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳр бунёди 4 майдончаи варзишӣ байни биноҳои баландошёна ва бунёди марқади ёдгорӣ барои бартарафкунандагони садамаи истгоҳи атомии Чернобил ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво