23 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз раванди корҳои сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» дидан кард

14
Дирӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз раванди корҳои сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» дидан кард.

Шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» яке аз шоҳроҳҳои байналмилалиест, ки пойтахти мамлакатро бо маркази вилояти Хатлону ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон, дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваст менамояд.

Марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» 33,2 километрро дар бар гирифта, баъди татбиқи лоиҳа роҳ аз категорияи “III“ ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳа бо маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Рушди Осиё, Фонди ОПЕК ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Германия, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад.

Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 — ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд карда шавад.

Тибқи нақша, дар ҷараёни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Дар раванди татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» 520 нафар мутахассис ҷалб шудаанд.

Дар доираи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар иншооти таъйиноти гуногуни сохташаванда ҷалби ҳарчи бештари сокинони маҳаллӣ дар татбиқи марҳилаи якуми ин лоиҳа низ аз шумораи умумии кормандон 482 нафарашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Ҳамзамон барои тезонидани раванди корҳо ва мутобиқ ба талаботи замон бунёд намудани роҳи автомобилгарди мазкур кормандон бо истифода аз 210 техникаи соҳавӣ дар 63 нуқта корро идома дода истодаанд.

Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар 39, 6 километро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар, 18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Айни замон дар ин қитъа корҳои омодасозӣ бо суръат ҷараён дошта, мувофиқи нақша бояд соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи пешбинишуда дар марҳилаи дуюм низ бо ҷалби 289 нафар мутахассис ва 173 техникаи муосири соҳавӣ дар 22 нуқта корҳо ҷараён доранд. 224 нафар кормандони ин қитъаро низ сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи пешбинишуда дар мавзеи муайяни ҳар ду қитъаи роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар» коргоҳ ва захирагоҳи масолеҳи сохтмонӣ мавҷуд аст, ки дар ин маконҳо низ тадбирҳо бо суръат ҷараён дода шуда истодаанд.

Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои сохтмону навсозиро вусъат бахшида, ин иншооти муҳимро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин бо иштироки Сарвазири мамлакат роҳи байни деҳаҳои Ваҳдат ва Сомониёни деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби ҶСП Ширкати Холдингии Исмоили Сомонӣ сохта шудааст.

Масофаи роҳ қариб се километр буда, дар баробари равшаннамоӣ ҳамзамон роҳравҳои ду канори он низ сафолакпӯш карда шудааст.

Роҳи байни деҳаҳои Ваҳдат ва Сомониёни деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст. Иҷрои ин амал аз дастгирии пайвастаи соҳибкорон дар мамлакат шаҳодат медиҳад.

Хурсандибахш аст, ки давоми солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти таъйиноти гуногун бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар пайравӣ аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома меёбад.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ» яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон гардида, барои сифатан беҳтар намудани роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз соли 2011 «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» амалӣ мегардад, ки тибқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёду таҷдиди роҳҳо бо маром идома дорад.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ба деҳаи Меҳнати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо фаъолияти Хоҷагии фермерии Бибиузбакбӣ шинос шуд.

Дар тобеияти Хоҷагии фермерии Бибиузбакбӣ 830 гектар замин мавҷуд мебошад, ки аз ин 430 гектарашро боғ ташкил медиҳад.

Аз ин шумора 105 гектарашро зардолу, 104,6 гектарро олу, 40 гектарро себи интенсивӣ, 20 гектарро ноки интенсивӣ, 77,4 гектарро себи маҳаллӣ, 2 гектарро хурмо, 15 гектарро гелос, 12 гектарро себи биҳӣ, 5 гектарро бодом ва 21 гектарашро анор ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти Боғи намунавии интенсивии ба номи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки Боғи намунавии интенсивии ба номи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» соли 2016 дар Хоҷагии фермерии Асадулло бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шудааст.

Дар боғи мавҷуда намудҳои гуногуни ниҳоли дарахтони мевадиҳанда парвариш ёфта, аллакай ба ҳосил даромадаанд ва кишоварзон аз маҳсули меҳнаташон баҳра мебаранд. Ҳосили расида аз боғоти мавҷуда аслан меваҳои содиротӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад ва бо ин роҳ ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво