18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор Баҳор Мирзоев дар ноҳияи Ванҷ пули пиёдагард бунёд намуд

508
Соҳибкор Баҳор Мирзоев дар ноҳияи Ванҷ пули пиёдагард бунёд намудСокинони деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ соҳиби пули пиёдагарди зебое бо дарозии зиёда аз чил метр ва паҳноии 2 метр гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ иттилоъ доданд, пул бо маблағгузории соҳибкори саховатпеша, зодаи ҳамин диёр Баҳор Мирзоев сохта шуд. Дар расми ифтитоҳи пул Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ширкат намуда, ин икдоми соҳибкорро амали шоиста ва арзишманд номид. Сохтмони пул аз ҷониби ҶДММ «Одил» бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, деҳаҳои Бунайи 1 ва Бунайи 2-ро ба ҳам пайваст месозад.

Ба нақли манбаъ, сокинони ин деҳаҳо солҳо аз набудани пул азият мекашиданд. Хусусан, дар фасли зимистон аз фарзандон дар хавотир буданд. Акнун бо дастур ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат ва саҳми соҳибкорони бонангу номус мушкилоти деҳаҳо бартараф мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки чанд сол пеш пули поёни деҳа низ бо дастгирӣ ва саҳми соҳибкори саховатпеша Баҳор Мирзоев сохта шуда буд ва ҳоло он ба мардум хизмат мерасонад.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво