17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид

398
Дар шаҳри Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки ин роҳ бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта шуда, тибқи лоиҳаи иншооти мазкур он аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо иборат буда, дар масири он як кӯпрук дар болои канали Ҳисор, як гузаргоҳи роҳи оҳан ва 2 адад гардишҳои нақлиётӣ бунёд мегарданд.

Дирӯз, 4 июл Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузоштанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони роҳи мазкур тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ду кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар роҳи номбаршуда чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа ва аломатҳои бехатарӣ насб гардида, хати сабзазор бунёд мегардад. Дар ҳар ду канори роҳ дарахту буттаҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд.

«Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаро ҷиҳати сари вақт, бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ анҷом додани корҳои сохтмони роҳи мазкур ҷалб намуд»,-афзуд манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво