20 январ 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Оғози мусобиқа оид ба шоҳмот

216
      Оғози мусобиқа оид ба шоҳмот

Дирӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи кушодашавии мусобиқа оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар байни кормандони Кумита оғоз ёфт. Муовини Раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ маросимро ифтитоҳ намуда гуфт, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди намуди шоҳмот дар кишвар, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди интелектуалии варзиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор мегардад.
      Оғози мусобиқа оид ба шоҳмот
      Оғози мусобиқа оид ба шоҳмот
Ў хотиррасон намуд, ки рӯзи 8 июн дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо баргузории Фестивали шоҳмот аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» расман оғоз гардид.
Мусобиқаи мазкур дар чор марҳила миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аллакай аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» аз 10 июн то 8 июл дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимии олию миёна, даври дуюм аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум, даври сеюм аз 5 то 25 сентябр дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мешавад.
Бояд қайд кард, ки барои ҷои якуми даставӣ 30 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 ҳазор сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.      Оғози мусобиқа оид ба шоҳмот
Дирӯз дар байни кормандони дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита даври аввали мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 26 нафар кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ иштирок намуд.

«РБ»






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво