19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

387
Интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдулло Командир, Шероз, Шевченко, Бухоро, хонаҳои №№1-28 ва Ҳабибулло Назарови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и 3 июл то соати 24:00-и 4 июли соли равон муваққатан қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сабаби муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои номбурда пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 426 мм дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин бо ин қарор Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво