28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Дӯстӣ ду бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

465
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Бахшида ба ин ҷашни миллӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва Агентии мазкур дар деҳаҳои Нуробод ва Найсони ноҳия ду адад бунгоҳҳои тиббии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ, ки ҳар кадоми онҳо бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси ҷойҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бунгоҳҳои тиббии мазкур бо ҷалби қувваи кории сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо 10 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Инчунин дар маркази ноҳияи Дӯстӣ як майдончаи варзишии замонавии пӯшида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори бономуси ноҳия бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои бозии футболи хурд дар ҳамаи фасли сол пешбинӣ гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз ин иқдоми шоиста ва саховатмандию бунёдкориҳои соҳибкорон ва шахсони бонанги ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории самимии худро ба онҳо баён намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво