25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Майдончаи варзишӣ — ҳадяи гумрукчиён ба сокинони кӯчаи Н. Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе

502
Дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ дар пойтахт ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иштирок намуда, ба истифода додани иншоотро барои рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи тарзи ҳаёти солим, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани сокинони кӯчаи Н. Ҳувайдулоев биноҳои истиқомати 141/4, 5, 6 ва 7 ва ободу зебо гардонидани пойтахт муҳим арзёбӣ намуданд.

Иншооти варзишӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ доман густурда, дорои майдончаҳои универсалии барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон мебошад.

Интизор меравад, ки ояндаи наздик Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт боз чунин як майончаи варзиширо, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар он идома дорад, мавриди истифода қарор медиҳад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво