19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори 6 медал гардиданд

460
Ба ифтихори 30-солагӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 2-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур, рӯзҳои 22-25 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланду хотирмон доир шуд. Бояд зикр кард, ки дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз 6 давлат – Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок ва аз рӯи 14 равия миёни мардону бонувон қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқа ба гирифтани 6 медал – 1 нуқра, 5 биринҷӣ даст ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки медали нуқраро Климик Карина дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон ба даст овард. Климик, ҳамчунин дар шинои тарзи парвона ба масофаи 100 метр миёни бонувон соҳиби медали биринҷӣ шуд. 4 медали дигари биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Екатерина Бордачёва дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон, Гадоев Ардашер дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни мардҳо, Набиева Заррина дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни бонувон ва Хоркашов Рамзиёр дар шинои брасс ба масофаи 50 метр миёни мардҳо сазовор гардиданд.

Ёдовар мешавем,ки дар ҳисоби даставӣ Россия ҷои аввал, Узбекистон мақоми дуюм, Белорус зинаи сеюмро сазовор гардиданд. Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво