26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Душанбе боз як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дод

697
Имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон ба истифода дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи мазкур дар кӯчаи Борбади ин ноҳия аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар маросими кушодашавии он директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва дигарон иштирок намуданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, бозии кӯдакон ва макони истироҳати калонсолон пешбинӣ гардида, масоҳати умумии он 2 ҳазору 100 метри мурабаъро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки иқдоми мазкур идомаи ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат буда, мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба он мебошад.

Бояд гуфт, ки дар раванди иҷрои корҳо сохтмонии ин майдонча зиёда аз 2 ҳазору 400 метри мурабаъ роҳравҳои назди он ва хонаҳои истиқоматӣ мумфарш гардида, обравҳои бетонӣ иваз карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 низ дар кӯчаи А.Раҷабовҳои пойтахт чунин майдончаро сохта мавриди истифода қарор дода буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво