24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон дар шароити таъсири омилҳои беруна». Дар ин мавзӯъ дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

401
Вазъи сиёсии ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ ба баъзе аз кишварҳои шарики тиҷорати Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии кишвари мо бетаъсир намемонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин матлаб имрӯз зимни ҳамоише, ки дар Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат бо ҳузури роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва шарикони рушд дар мавзӯи «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна» доир шуд, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳадафи ҳамоиши мазкур баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ ва 300 рӯзи ислоҳот, инчунин ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи сифатнок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва ҷилагирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ мебошад.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни муаррифиии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ зикр кард, ки бо назардошти тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба самтҳои муҳими иқтисодиёти милллӣ нақшаи чорабиниҳои мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мақсади асосии он татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ дар самтҳои буҷету андоз, пулию қарзӣ, тавозуни пардохт, бахши воқеӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ мебошад.

З.Завқизода ҳамзамон гуфт, ки дар давоми шаш моҳи татбиқи қарори мазкур дар мамлакат як зумра корҳо анҷом дода шуданд. Фаъолияти гурӯҳҳои кории зиддибӯҳронӣ дар назди муовини аввали Сарвазири мамлакат ва назди Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, таъсиси гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ, андешидани тадбирҳо дар самти кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ, таъмини устувории фаъолияти корхонаю ширкатҳои азими мамлакат, назири «ТАЛКО», «Тоҷик Эйр», «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва нақшаи солимгардонии онҳо, устувор гардонидани низоми бонкӣ ва бонкҳои мушкилдор, кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ дар ҷумҳурӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаҳои қолинбофӣ, моҳипарварӣ, парандапарварӣ, сайёҳӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Зикр гардид, ки новобаста ба таъсири баъзе омилҳои беруна рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар соли гузашта 7,3 фоиз ва дар панҷ моҳи соли равон 7,2 фоизро ташкил дода, таваррум дар соли 2018 дар сатҳи 5 фоиз ва дар панҷ моҳи соли равон дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ қарор дорад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои марбут ба 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, нақши шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамзамон муайянсозии сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои татбиқи сифатноки Нақшаи зидибӯҳронӣ ва дигар масоили ба ин самт марбут баррасӣ гардида, иштирокорони ҳамоиш –роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва шарикони рушд мавзӯъҳои мавриди назар пешниҳодҳои судманд намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво